Бахшҳо

Пешниҳод аз Хоруғ: Дар мактабҳо фанни “Таърихи Ваҳдати миллӣ” роҳандозӣ шавад

Ҷонибеки Қозибеқ, муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ВМКБ пешниҳод кард, ки дар мактабҳои миёнаи кишвар фанни “Таърихи ба даст овардани Ваҳдати миллӣ” роҳандозӣ шавад.

Оқои Қозибек имрӯз, 12 май зимни конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши ВАО дар ба даст овардани Ваҳдати миллӣ” дар шаҳри Хоруғ изҳор дошт, бархе ҷавонон ва насли наврас аз таърихи Ваҳдати миллӣ иттилои кофӣ надоранд. Ӯ гуфт, барои пур кардани холигие, ки феълан миёни ҷавонон дар мавриди Ваҳдати миллӣ вуҷуд дорад, бояд дар макотиб фанни нав бо номи “Таърихи ба даст овардани Ваҳдати миллӣ” роҳандозӣ шавад: “Вақте ин фан ба барномаҳои таълимӣ ворид мешавад, насли наврас бештар огоҳӣ пайдо мекунад”.

Дар ҳамин ҳол, Саидҷаъфари Ашӯрзод, раҳбари радиои “Ховар” пешниҳод кард, фанни нав дар бораи Ваҳдат дар Академияи ВАО таълим дода шавад. Шодихони Назар, хабарнигори нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” бошад, таълими ин фанро дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ зарур хонд.

Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ин пешниҳодҳоро қобили қабул гуфта, афзуд, дар факултаи муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ дар масъалаи Ваҳдати миллӣ дарси махсус медиҳад. Ӯ илова кард, агар мудирияти факултаи журналистика муроҷиат кунад, дарси Ваҳдати миллиро дар ин факулта низ роҳандозӣ хоҳанд кард.
Мӯҳр
Сулҳкардагиҳо мурданд, боқимондаша ҳукми абад диҳеду дарси "Ваҳдат" ташкил кунед.

НАРГИС
Бадахшон чойи покон аст ва чунин пешниходоти сулхомез низ дар ин даргохи бузург ироа шуданд. Мо метавонем

Muhojir
Hamchun fann? Sari honandaya bo in "fanhoi" nolozim pur kardan, gunoh nazdi nasli javon ast! In mavzuro metavon dar soathoi fakultativi barrasi kard,tamom. Dar Amerika meguyand barhe namedonand prezident kistu chi nom dorad.Ba honanda az zindagi boyad guft , rohi durusti tijoratu korchaloniro boyad omuzond, zaboni puljonro omuzond ,mardiyu notarsiro omuzond, na shashsparastiro. In fanni shumo megufta az sahifai avvalash to ohirash arjguzori ba janobaton. Yagon fikri bikr pajdo kuned to az kashokiyu jumshudi raho shavem.

Хуб мешуд ба чойи дарси Таърихи вахдати милли, дарси Таърихи точикони навин - ро чори мекардед ин бехтар мешуд ва ин дарс бар асоси фактхо ва вокеахои хакики бурда мешуд, бидуни таърифу тавсиф.

Зогибек
"Ӯ гуфт, барои пур кардани холигие, ки феълан миёни ҷавонон дар мавриди Ваҳдати миллӣ вуҷуд дорад".
Ин холигиро бо чои кор , аз байн бурдани махалгарои, таъмини баробари ва адолат дар чомеа бояд пур кард!!!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)