Бахшҳо

Хоҳишҳои Ғанӣ аз Душанбе: Аз мушкили афғонҳо бо милисаҳо то ифтитоҳи дубораи консулгариҳо

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон зимни сафари дурӯзааш ба Тоҷикистон, ки имрӯз, 11 май анҷом меёбад, аз Душанбе хостааст, консулгариҳояшро дар Қундуз ва Бадахшон дубора боз кунад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Афғонистон, Ғанӣ дар мулоқот бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ваъда додааст, ки мақомоти кишвараш амнияти дипломатҳои тоҷикро таъмин хоҳанд кард. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аввали соли равон эълон кард, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ноором дар вилоятҳои Бадахшон ва Қундузи Афғонистон фаъолияти консулгариҳо дар ин минтақаҳо мутаваққиф кардааст.

Дар баробари ин Ғанӣ мушкилоти афғонҳои муқими Тоҷикистон, аз ҷумла мушкилоте, ки бо мақомоти милиса доранд, ба миён гузошта хостори ҳаллашон шудаст.

Раисиҷумҳури Афғонистон инчунин аз Расулзода хоҳиш кардааст, ки додани раводид барои тоҷирон ва сокинони Бадахшонро содатар созаду барои интиқоли маҳбусони бемори афғон ба Ватан мусоидат кунад.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Афғонистон мегӯяд, Расулзода ваъда додааст, ки талошҳояшро барои ҳалли мушкили афғонҳо дар Тоҷикистон идома хоҳад дод.
Мӯҳр
Сохибкор
Барои точикистон ин бояд шармандаги бошад, ки визаро барои афғонҳо ин қадар мушкил кардаст.
Сафоратхонаи точиистон дар Кобул ва дигар манотики афғонистон барои шахрвандои афғон виза намета. Хатто агар у хамсари точик дошта боша.
Сафорати точикистон дар дигар давлатҳо ҳам виза барои афғонхоро рад мекунанд. Хамаашон аз вазорати умури хоричи гиред мегуян. Дар вазорати умури хоричи точикистон барои як визаи афғони ҳазор доллар мепурсанд. Аз ширкатамон мактуб бо даъватнома ба вазорати хоричи додем, гуфтанд биёед, рафтем отказ гуфтанд, баъди зориву тавалло нархашро гуфтанд ҳазор доллар.

Вазир Аслов, магар шумо аз ин корхо хабар надоред? Барои чи аз минбарҳои баланд давлати дусту бародар, хамзабон гуфта таъриф мекунед, локин додани виза ба гражданҳои афғонистонро махдуд кардед? Магар боре андешидаед бо ин ракам фаъолиятатон ба иктисод ва хаёти мардум чи зараре овардаед?
Шармандаги барои точикистон аз ин дигар намешавад вактеки президенти як давлати дигар бегуд, ки милисаҳотона раҳ гиред ва гирифтани виза ба шахрвандони афғонро осонтар кунед.

мехмон
Офарин !! Раиси чумхури Афгонистон аз милисахои точик ба Чаноб арз кардааст ! Чаноби Оли кай ба Путин чунин масъаларо мегузошта бошад ???

1
Мужика хафа накунед!

Кандаша занад чунин рохбар, ки гами халкашро мехурад.

Милесаи точик корашро анчом медихад. Нозукихои казияро надониста шарх навиштан нодуруст аст ба фикарам. Барои барраси кардани масъалахои сиёсии байнидавлатхо шуури ташаккулёфтаи сиёсии инсон амри зарурист, дар холи дигар метавонад ба мушкили оварда расонад.

Суруш
Ба "Сохибкор"
Як мактуби дуру дароз навиштию танхо манфиати дустони афгонатро дастгири намуди.
Ягон шармандаги нест агар виза барои афгонхо ин кадар мушкил шудааст. Айни замон барои амнияти дохили Точикистон Точикистон ХАКУ ХУКУК дорад, ки ба баъзе шахрвандони авгон тамоман виза надихад. Аз дустонат пурс, ки чи тавр визаи Узбакистону Туркманистонро афгонхо ба даст меоранд. Мо медонем чи гуна "точирхои афгон" шабу руз орзу мекунанд, ки ба Душанбе биёянд.

Маҳмуд
мехмон,
ОФАРИН БЕҲТАРИН ПЕШНИҲОД
ОЁ РАҲБАРОИ БА АНДОЗАИ АШРАФ ҒАНИЕ КИ ДОИМ МАМЛАКАТУ МАМЛАКУТДОРИАШОНРО ҲУКУМАТДОРОНИ ТАЪНА МЕКУНАНД ҶУРЪАТ МЕКАРДА БОШАНД
БО ФАРҲАНГИВУ ИЗАТМАНД БУДАН БО КОСТЮМУ БРЮК ВА ГАСТУК НЕСТ Ё БЕ РИШИВУ КУНЛУХТӢ ВА СИНАЧОКӢ НЕСТ
ФАРҲАНД ШАРАФ ВА ИЗЗАТ ДАР ИН АСТ КИ ИНСОН ҒУЛОМ НАБОШАД МУТАҲАМ НАБОШАД ТАРСУ НАБОШАД ҲАМЧУН ИНСОН ҲАҚИ ХУДРО ТАЛАБ КУНАД


Барои Афгонхо аз хамаи визаи арзон ва осон ин визаи Точикистон аст. Миссол визаи Хитой 5500$ хаст барои афгонхо... ВКХ Точикистон каме сахт гирифтаанд додани визахороки ин ба фоидаи мардуми мо мебошад. Хам амнятро таьмин мекунанд хам чойхои кориро танхо ба мардуми худамон медиханд. Базе сохибкорхо визаро бизнес кардаанд.. Ба афгонхо виза мегиранду амо чои кори надоранд... Онхо омада дар бозори Шохмансуру Садбарг бизнес карда мегарданд... Ними ахолии худамон бекор боз инхо мераванд аз Афгонистон коргар меоранд. Мухтарам Сохибкор агар чои кори дошта боши ба мердуми худамон дихед то ба мухочират нараванд.Сохибкор,
Сохибкор,
Сохибкор,
Сохибкор,
Сохибкор,
Сохибкор,

Сохибкор
Ба Суруш ва Хатлони,
Навиштахои шумо шохиди онан, ки кадом идорашини хукуматиед.
Якум ин ки точикистонро набояд дар катори узбекистону туркманистон гузошт. Дуюмаш шумо медонед, ки Хитой ба точирони афгон визаи ду се сола медихад?
Афгонхои мегуфтагии ман семичкафурушу мошинсозкунои бозори чалчам нестанд. Одамхоеанд, ки дар точикистон сармоя доранд, чанд точики дигар дар кампанияхояшон кор мекунанд.
Ба бахонаи манфиатхои милливу амнияти бошад. биёед купрукхоро бандем ё тамоман тарконем. Сафоратхонаи Англия, Эрон, Туркия, Покистон, Хиндустон, Дубай, Германия ва дигархо дар як руз хазор хазор виза метиянд ба афгонхо дар Кобул. Онхо амнияти милли надошта бошанд? Ин сиёсати Пешвои миллат транзити бору ащё аз тарики точикистон чи мешавад?
Ин виза як рохи пулкоркунии сафирону консулу миллисиву амниятихои точикистон аст.

Барои чоххои кори, дар ин сайт ман пештар навишта будам, чигуна шароити мусоид фарохам аст.

БЕНОМ
МИЛИСАХОИ ТОЧИК ХОЛО ХАМ НИСБАТИ АФГОНХО БИСЁР ГУЗАШТ МЕКУНАНД. ЧУНКИ МАН ЧАНДИН БОР МУШОХИДА КАРДААМ, КИ РАФРИ ЧАМЪИЯТИРО ХАЛАЛДОР КАРДААНД. ЛЕКИН БА ОСОНИ РАХО ЁФТААНД. АГАР ХАМОН АМАЛРО ШАХРВАНДИ ТОЧИК МЕКАРД ЧАЗОИ САНГИН МЕДИД............ АЛБАТА БЕСАБАБ НЕСТ АКА.

одаму пул бошад, виза гирифтан осонак,

Огоҳманд
Афғонҳо Тоҷикистонро ба сурати як Дубай..ё намедонам Лас-Вегас мепазиранд...Меоянд ин ҷо, барои тарабхонагардӣ...занакбозӣ...сабти клипҳои фаҳшо...Бо чашми сар ин ҳамаро дидам...Озодагон озодавор ин ҳарфҳоро бинавис...Ман ба чашми сар дидам ки як афғон мегуфт: Амниятии тоҷика як миқдор пайса метум, дига мега бра ай пайи корт..ва таъриф мекард ки чи хел хонумҳои тоҷикро .....
Барои ҳамин ман тарафдорам ки виза барои афғонҳо боз ҳам сахттар шавад!

Суруш
Ба "Сохибкор"
Агар идоранишини хукумати мебудам шояд дигар хел акидаи худро иброз медоштам. Лекин шукр аз ин низоми бесобикаи бюрократи дур хастам ва кору фаъолияти шахсии худро пеш мебарам. Бо як фикрат хамакида хастам, ки аз ин вазъият кормандони сафорату консулгарию дигар макомот истифода менамоянд. Ин обруи давлати миллати точикро кохиш медихад.
Шояд Эрон, Туркия, Хиндустон, Аморат (Дубай) ба онхо гирифтани визаро арзони дорад. Лекин Англия, Германия ва дигар кишвархои гарб не. Чунки айни замон кишвархои Европа аз Афгонистону Покистон барои хатар эчод намуданашон дар харосанд.

Як саволи дигар ба "Сохибкор" барои чи Точикисторо дар катори Туркманистону Узбакистон наметавон гузошт. Ин чи маъно дорад?

Сохибкор
Огоҳманд,
Бале, эрониву хиндиву покистониву турку арабхо омада дар точикистон маъвизахои муфтиро дар рузи чума гуш мекунан, панд мегиранд. Хуб хандонди! :) Вучуди фахшу фучур дар чомеаи мо аст, на дар афгонхо. Онхо чизеро бахра мебаранд, ки мухаё аст. Ин бахси дигар аст.

Ба Суруш,
Агар ба идоранишин гуфтани ман ранчида бошед, узр бродар. Худам хам инро тахкир мешуморам аз дасти порахурхову лошахурон.
Агар фарки точикистонро аз узбекистону туркманистон нафахмида бошед, як бор рафта бинед. Худо он рузро ба сари мардуми мо набиёрад, лекин хаму су рафта истодаем. Вакте ки бо дусту бародарат дар гуфтани дарди дилат хазар мекуни ин аст туркманистону узбакистон. Чабру зулм ончо хад надорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)