Наздикони Маҳмадалӣ Аҳмадов, шаҳрванди 23 солаи Тоҷикистон, ки дар қатли сардори пулиси шаҳри Сизран мутаҳҳам шудааст, ба гунаҳкорнашрияи “Комсомолская правда” нақл кардаанд.
“Комсомолская правда” аз қавли модари Аҳмадов бидуни бурдани ном навиштааст: “Мо замоне, ба Русия омадем, ки Маҳмадалӣ 2-сола буд. Ӯ дар ноҳияи Сизрани вилояти Самара ба воя расид. То синфи 3 мактаб хонд ва пас аз он дар сохтмон кор карду баъдан як дӯкони таъмири пойафзол роҳандозӣ кард. Зимнан, бо духтари рус издивоҷ кард ва писарашон Рамазон 1 солу 10-моҳа аст”.
Дӯкони таъмири пойафзоли Аҳмадов:
Наздикони Аҳмадов изҳор доштаанд, ки шаби вуқӯи куштор ӯ дар хонаи хусуру хушдомани худ дар Суринкс, як ноҳияи Самара будааст: “Он ҷо ҷашни зодрӯз буд. Шаб омад. Субҳ ҳамаро табрик карду рафт. Баъдан, ба ҳамсараш занг зад, ки афроде ба ӯ таҳдид кардаанд ва ӯ ба Тоҷикистон меравад. Телефонаш хомӯш буд. Аммо, ӯ боз ба Маскав баргашт. Пас, медонист, ки гунаҳкор нест”.
Хонаи Аҳмадовҳо дар Самара:
“Комсомолская правда” иддаои наздикони Аҳмадовро шубҳаовар хонда, махсусан таъкид кардааст, ки ҳамсари руси ӯ Исломро қабул кардааст.
Ин нашрия суҳбат бо наздикони Аҳмадовро чунин овардааст: -Маҳмадалӣ тамоми шаб бо занаш буд?
-Бале, ӯ рӯзи шанбе онҷо рафт. Аз соати 4 куҷое рафт ва дар миёни саотҳои 12 то 3-и шаб баргашт.
Муаллифи матлаб хулоса кардааст, ки Аҳмадов дар вақти содир шудани куштор дар хона набудааст.
Пайвандони ин ҷавони тоҷик дар ҷавоб ба суол, к ӯ дар бораи кадом мушкиле суҳбат кард, гуфтаанд: “Чизе дар бораи замин. Ӯ талош дошт барои сохтани қаҳвахона заминро ба иҷора бигирад. Аммо, нагирифт”.
Хешовандони Маҳмадалӣ дар бораи боздоштшудагони дигар Рома Фаталиев ва Ислом Бобоев гуфтаанд: “Рома дӯсти Маҳмадалӣ аст! Мо онҳоро ҳамроҳ дида будем. Ӯ боре дар мошини мо сумкаеро фаромӯш кард...Муфаттиш ба мо гуфт, ки Рома корти бонкии қатлшударо вориди банкомат кардааст ва боздошт шудааст”.
Муаллифи матлаби “Комсомолская правда” аз қавли фурӯшандаи як мағозаи маҳаллӣ дар бораи Маҳмадалӣ чунин навиштааст: “Кӯчак, зирак, аммо ҷисми заъиф дорад. То ҳадде шӯхтабъ, аммо ҳасуд аст. Ҳисоб кардани пули дигаронро дӯст медорад ва як тасаввуроти кӯдакона дорад, ки агар касе соҳиби тиҷорат аст, яъне ӯ пулро бо бел ҷамъ мекунад”. Аз қавли ҳамсуҳбатҳои беном инчунин навиштааст, ки Аҳмадов чанд рӯз пеш аз куштор аз дастаи бел барои худ асбоби қатлро омода кардааст.
Қаблан, мақомоти Русия шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон -- Аҳмадов Маҳмадалӣ Баротовичро дар ташкили қатли Андрей Гошт, сардори пулиси шаҳри Сизран ва 5 узви хонаводааш муттаҳам карда, изҳор доштанд, ки ӯ ба Тоҷикистон фирор кардааст.
Аммо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳафтаи равон Маҳмадалӣ Аҳмадов худаш ба ин ниҳод ҳозир шуда, иброз доштааст, ки воситаҳои ахбори Русия ӯро дар куштори оилаи Андрей Гошт, корманди мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия дар вилояти Самара гумонбар донистаанд: “Ӯ таъкид намуд, ки ӯ дар ин ҷинояти вазнин даст надорад ва барои гуфтаҳои худро собит намудан ба Русия бармегардад”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, “бинобар сабаби дар ҷустуҷӯ қарор надоштан ва аз мақомоти Русия ворид нагардидани дархост оиди дастгир кардани Маҳмадалӣ Аҳмадов, ӯ тавассути нақлиёти ҳавоӣ ба Федератсияи Русия баргашт”.