Ҷавони беҳуҷҷат сабаби марги ронандаи 50-сола шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи маргбор дар ҷануби кишвар хабар додааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса 20 апрел дар шаҳри Норак ба вуқӯъ пайвастааст: “Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Саидов Шодмон Нозимович соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Норак, бе ҳуҷҷати ронандагӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба самти НБО-и Норак, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда Қармишев Қурбоншоҳ Тағоевич соли таваллудаш 1966, сокини ҳамин шаҳр бархӯрдааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа ронандаи сабукрави дуюм Қурбоншоҳ Қармишев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |