Даъвати Шукурҷон Зуҳуров ба ҳамгироии иқтисодии кишварҳои АвруОсиё
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 19 апрел дар машварати якуми раисони парламентҳои АвруОсиё, ки дар шаҳри Маскав идома дорад, кишварҳои минтақаро ба ҳамгироии бештар даъват кардааст.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, Зуҳуров иброз доштааст, ки ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ ба рушди савдо, бахши тиҷорат, сармоя ва дигар навъҳои фаъолиятҳои иқтисодӣ нерӯи қавӣ бахшида, некӯаҳволии мардум дар натиҷаи ҳамгироӣ дар қаламрави кишварҳои авруосиёӣ ба даст меояд.
Ба иттилои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров аз минбари парламентҳои АвруОсиё гуфтааст, Тоҷикистон ба тақвияти муносиботи неки ҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ бо ҳамаи ҳамсоягони худ дар қаламрави АвруОсиё умедвориҳои бузург дорад. Ба таъкиди раиси Маҷлиси намояндагон, чунин равобит бо ҳамсоякишварҳо ба афзоиши иқтисоди Тоҷикистон, истифодаи самарабахши иқтидорҳои бузурги табиӣ-иқтисодӣ, тиҷоратӣ-сармоягузорӣ ва инсонӣ мусоидат менамояд: “Илова бар ин, иштироки васеи Тоҷикистон дар лоиҳаҳои гуногуни ҳамгироии авруосиёӣ ба вазифаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҳикистон дар мавриди расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ комилан мувофиқат мекунад”.
Шукурҷон Зуҳуров қайд намудааст, ки АвруОсиё дорои имконоту иқтидорҳои бузурге буда, метавонад ба маркази нави ҷалби сармоя табдил гардад, дар бахши ҷуғрофиёи сиёсӣ, иқтисодӣ майдони муҳими таъминкунандаи амният ва таҳаммулпазирӣ бошад. Ӯ гуфта, Тоҷикистон дар доираи дурнамои ҳамгироии авруосиёӣ ба масъалаи таъсиси бозорҳои муштараки молу маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо манбаъҳои энергетикӣ ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ дар иншооти энергетикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Раиси Маҷлиси намояндагон хостори тақвияти бештари ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои АвруОсиё шуда, ба роҳандозии табодули таҷрибаи қонунофарӣ таъкид кардааст: “Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои АвруОсиё муҳим аст, ки маҷмӯи мутобиқсозии қонунҳоро бо роҳи содагардонии тартиби мусоидат ва назорати лоиҳаҳои ҳамгироии минтақавӣ ва байниминтақавӣ бо ҷалби шарикон, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таъмин намоем. Ҳамчунин, муҳим аст, ки табодули таҷрибаро дар бахши фаъолиятҳои қонунофарӣ ва парлумонӣ бо роҳи тақвияти фаъолиятҳои муштараки байнипарлумонӣ, мониторинг ва мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои ҳамгироӣ ва барномаҳои сатҳҳои гуногун, ба роҳ мондани алоқаи зич байни кумита ва комиссияҳо, гурӯҳҳои вакилон бо мақсади муттаҳидсозии маҳмӯи қарордодиву ҳуқуқии муносиботи байнипарлумонии кишварҳои минтақа таҳким бахшем”.
Дар Машварати якуми раисони парламентҳои кишварҳои АвруОсиё роҳбарони мақомоти қонунгузори ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Ветнам, Ҳиндустон, Индонезия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Хитой, Камбодҷа, Манголия, Покистон, Корея, Русия, Тайланд, Филиппин, Чехия ширкат доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |