Бахшҳо
18 апр 2016 10:28Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Имом-хатибони “саркаш”-ро ба додгоҳ мекашанд?

Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб тасмим дорад, нисбати имом-хатиб ва масъулини масоҷид, ки аз фиристодани фарзандонашон ба артиш худдорӣ мекунанд, ба додгоҳ шикоят барад.

Як масъули ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, дар раванди даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҳолатҳои саркашии имом-хатиб ва нафароне, ки миёни мардум аз обрӯву эҳтиром бархӯрдоранд, аз фиристодани фарзандонашон ба артиш ошкор шудааст: “Дар робита як комиссия ташкил шуда, дар тамоми ноҳияву ҷамоатҳои минтақа фаъолият мебарад. Тибқи маълумоти ба мо расида, теъдоди чунин афрод дар ноҳияи Муъминобод ҳудуди 10 ва дар худи шаҳри Кӯлоб 22 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин самт санҷишҳо идома доранд”.

Манбаъ меафзояд, дар сурати дубора сарпечӣ намудан нисбати онҳо ба суд шикоят хоҳанд бурд.

Тибқи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 15 март имзо шуд, шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд: “Моҳҳои апрел-майи соли 2016 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18-солагӣ расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд”.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Вазорати дифои Тоҷикистон, тайи беш аз 10 рӯзи маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, иҷрои нақшаи даъват дар кишвар 45 дарсадро ташкил додааст.
Мӯҳр
сарбоз
боз муллохои бечора?! мансабдорон кадомашон писаронашон сарбози мераванд? хеч кадомашон барои чи як бор номашонро намегиред? факат мулло тмомхатиб мадрасахонда магар дар ин кишвар гайри муллову хатибу мадрасахонда одам нест?????????

мухочир
салом ба мардуми шарифи точик, аввалан Худованд хамаи ин бетавфикхоро тавфик насиб кунад, дуввуман дуруст аст, ки хидмати ватан - модар аз мукаддасоти ватандорист, вале ингуна рафтори макомоти нисбати танхо як гурухи чомеа аз ахлоки инсони берун аст. Барои мисол, як бор рафта фахманд, ки фарзанхои кадом коммисархо ба хидмати харби рафтаанд, писарони кадом раисхои навохи ба хидмати харби рафтаанд, холо суханро дар бораи раису макомдорони вилояти ба дарозо намекашем, охир наход танхо фарзандони хамун хатибони бечора сабаби пур шудан ё пурра кардани план бошад, ....

EEy mulloi bechora gayr az tu kiist ki boz ba in kishvar hizmat kunad.

Хизмати ватан шарт ва зарур аст. Лекин ин хизмат факат ба фарзандони мулохову камбагалон дахл надорад. Озодагон аз фарзандони олимакомхо кани нависед, ки кадоми онхо хизмати ватанро кардаанду ва холо карда истодаанд. Як макола нависед кани меёбед ягон фарзанди вазиру раисои калон ва бойхоро дар сафи аскарон? Агар ёфтед пас чоп кунед ки мардум ибрат гирад. Аз пули мардуми бечора мехуранду катаги мекунанд ва мардумро гулом мепиндоранд. Чи фоидаи онхо ба мардум расидааст, ки мардум бо тамоми фарзандонашон барои онхо гулом бошанд? Чаро фарзандони мулову хатибро мегуеду фарзандони оличанобонро не?

Шахбоз
агар озод боши бо комисархо мусохибаи гузаронед ва гуед мардум мегуядки ин тасмим танхо барои мардуми оди ва хатибон хаст! Пас барои мансабдорон ва худи шумо комисархо ки тасмим мегирад! Боз ба комисархо гуед агар фарзандхои шумо бахизмати ватан раванд ба мардуми оди ва хатибон ибрати калон хохад шуд????

банда
албатта камбагалу мулло бояд хизмат кунад. чунки ноороми шавад хамин камбагалхо мемонанд чанобхо мераванд тайёрахои шахскати.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)