Бахшҳо

Хонаи сеҳуҷрагӣ ва 40 400 сомонӣ барои беҳтаринҳои маорифи Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, ғолибони озмунҳои шаҳрии Мактаб, Директор, Муаллим, Кӯдакистон, Мудир, Мураббӣ, Синф ва Волидайни беҳтарини соли 2015-ро бо ҷоизаҳо қадрдонӣ кардаст.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ ба ғолиби озмуни «Мактаби сол-2015» - коллективи меҳнатии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки директораш Шарипова Нигора мебошад, дар кӯчаи Беҳзод-32 хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим шуд.

Ғолиби озмуни «Директори сол-2015» - директори мактаби № 28 Ғаниева Гулчеҳра бо 3000 сомонӣ, ғолиби озмуни «Муаллими сол-2015» - муаллимаи фанни химияи гимназияи №74 Бозорбоева Наргиз бо 2000 сомонӣ қадрдонӣ шудаанд.

Дар бахши “Кӯдакистони сол -2015» - кӯдакистони № 98 ноҳияи Сино, мудираш Имомова Уронбибӣ ғолиб дониста шуда, соҳиби 3000 сомонӣ гардидааст: “Ғолиби озмуни «Мудири кӯдакистони сол-2015» - мудири кӯдакистони № 1 ноҳияи Шоҳмансур Набиева Ҷамила дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ва ғолиби озмуни «Мураббии сол-2015» - мураббии хонаи кӯдакони синни томактабии №1 шаҳри Душанбе Акрамова Махфират 1500 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаанд”.

Синфи беҳтарини соли 2015 хонандагони синфи 11«а»гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе эътироф шуда, роҳбари ҳамин синф Алматова Гулбаҳор бо 1000 сомонӣ ва ҳар 27 хонандаи синф бо 400 сомонӣ қадрдонӣ шудаанд.

Сатторов Искандар, аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 93 ноҳияи Сино беҳтарин волидайни сол эълон шуда, соҳиби 5000 сомонӣ мукофотпулӣ шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе инчунин бархе аз иштирокдорони озмунро барои фаъолияти пурмаҳсул дар таълиму тарбияи насли наврас бо 700 сомонӣ қадрдонӣ кардааст.
Мӯҳр
Як чахон ташаккур зинда бошед огои шахрдор мухтврам убайдулоев

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)