Кӯлоб: Ҷавонони бекор аз имтиёзи пулӣ хабар надоранд
Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, барои ашхосе, ки расман ҳамчун бекор сабти ном шудаанд, дар се моҳ як маротиба 750 сомонӣ медиҳанд. Аммо бархе аз ҷавонони бекор мегӯянд, боре ин маблағро нагирифтаанд.
Шамсиддин Хушвақтов, як масъули Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ба афроде, ки расман чун бекор ба қайд гирифта шудаанд, дар ҳаҷми 250 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ дар се моҳ як маротиба дар ҳаҷми 750 сомонӣ пардохт мешавад: “Баъдан онҳо бо шуғл ва ҷойи кор таъмин мешаванд”.
Аммо бархе ҷавонҳо мегӯянд, аз мавҷудияти чунин имтиёз ва ҳатто агентӣ хабар надоранд. Парвиз Сафаров, як сокини шаҳри Кӯлоб гуфт, “на танҳо ман, балки ба боварӣ гуфта метавонам, садҳо нафари бекор намедонанд, ки чунин агентӣ фаъол асту кор мекунад”.
Ин ҷавон гуфт, шояд воқеан нафароне аз ин имтиёз истифода кунанд, аммо 750 сомонӣ барои се моҳ маблағи хеле ночиз мебошад: “Ҷавонон барои пайдо кардани кор бештар ба мардикорбозор мераванд”.
Шамсиддин Хушвақтов мегӯяд, соли 2015 ба Шӯъбаи агентӣ 1375 нафар муроҷиат кардаанд, ки 1057 каси онҳо расман ҳамчун бекор сабти ном гардидаанд: “Аз ин шумора 300 нафари дигар ба курсҳои кутоҳмуддати бофандагӣ, дузандагӣ, омӯзиши компютеру ғайраҳо равона шуданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |