Заминларзаи рӯзи 10-уми апрел, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон рух дод, дар Покистон 6 кушта барҷой гузоштаст.
Дар ин бора мақомоти Покистон иттилоъ дода, афзуданд, ки иқтидори заминларза 7,1 балро ташкил додаст. Аммо марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон иқтидори заминларзаро 6,6-6,8 бал мегӯянд.
Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон шиддати ҷунбиши замин дар Душанбе, ки соати 15:29 дақиқаи рӯзи якшанбе ба вуқӯъ пайваст, 4 дараҷаи Рихтер будааст.
Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон имрӯз, 11 апрел ба "Озодагон" гуфт, заминларза дар ҷумҳурӣ ҳеч хисороте дар пай надоштааст.
Дар акс: Яке аз ҷабрдидагони заминларзаи 10 апрел дар Покистон
Мӯҳр