Ними нон роҳати ҷон. Ҳушдор аз истисмори шаҳвонӣ ва хариду фуруши духтарони тоҷик дар Дубай (ВИДЕО)
Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар як филми тасвирӣ аз хатарҳои эҳтимолии гирифтор шудан ба доми одамфурӯшон ҳушдор додааст.
Дар ин филм, ки 5:30 дақиқа идома мекунад, тақдири шикастаи қурбонии эҳтимолӣ нишон дода шудааст. Хонуме ба духтаре, ки дар як ошхона косаву табақ мешӯяд, пешниҳод мекунад, ки ба тиҷорат машғул аст ва барои аз хориҷа бор овардан, ёрдамчӣ мекобад. Ӯ қаҳрамони филмро, ки Нозанин ном дорад ба Дубай мефиристад. Духтар танҳо дар Дубай мефаҳмад, ки ба доми фиреб афтидааст.
СБМ ҳадафи филми тасвирии мазкурро “боло бардоштани сатҳи огаҳии мардум аз хатарҳои эҳтимолии гирифторӣ ба доми фиреби ҷинояткорон” унвон кардааст.
Мақомоти тоҷик аз даҳҳо ҳолати хариду фурӯши одамон бо ҳадафи истисмори шаҳвонӣ дар кишварҳои хориҷ хабар додаанд. Дар бештари ҳолатҳо, занҳои тоҷик бо роҳи фиреб ба Дубай интиқол ёфта, онҷо мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор мегиранд.
Моҳи январи соли сипаришуда, мақомоти пулиси вилояти Суғд аз боздошти ду нафар хабар доданд, ки дар таҳия ва фурӯши шиносномаю шаҳодатномаҳои қалбакӣ ва ҷалби духтарони тоҷик ба фоҳишагӣ дар Дубай муттаҳам мешуданд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон он вақт бо пахши як гузориши телевизионӣ гуфт, Рустам Саидов, сокини шаҳри Хуҷанд ва Баҳром Баҳриддинов, истиқоматкунандаи ноҳияи Ашт муддати тулонӣ ба интиқоли ҷавондухтарон ба Аморати муттаҳидаи Араб барои истисмори шаҳвонӣ машғул будаанд. Барои интиқоли ҳар духтар ба Дубай ин ҷавонони тоҷик 500 доллар мукофотпулӣ мегирифтаанд. Рустам Саидов иқрор шудааст, ки “мақсади мо ҷалби духтарон ба фоҳишагӣ дар шаҳри Дубай буд. Вақте онҳо дар фурудгоҳи Дубай мефаромаданд бояд, ки 500 доллар ба мо интиқол мешуд.”
Аз ин пеш Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, як сокини 28-солаи шаҳри Кӯлоб як духтари 28-солаи тоҷикро моҳи феврали соли 2014 ба Дубай бурда, давоми ду моҳ ба танфурӯшӣ маҷбур кардааст: “Давоми ду моҳ аз ҳисоби ба танфурӯшӣ водор намудани духтари тоҷик боздоштшуда, 30 ҳазор доллари амрикоӣ фоида ба даст овардааст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |