Муъмин Қаноат: Набояд дар баробари ҳаводиси Афғонистон бетараф бошем
Муъмин Қаноат, шоири тавонои тоҷик мегӯяд, шоирон ва нависандаҳои ҳавзаи адабии форсӣ набояд дар баробари ҳаводиси Афғонистон бетараф бошанд. Ӯ бо зикри ин нукта дар маҳфили шеъраш, ки дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор шуд, изҳор дошт, дар иртибот шуаро ва адибони ин ҳавза бояд эъломияи муштарак қабул намоянд.
Муъмин Қаноат афзуд: “Афғонистон ё Хуросони таърихӣ аз хостгоҳҳои муҳими фарҳанг ва тамаддуни порсист. Ин тур намешавад, ки як қаламрави бузурги тамаддуни форсӣ ба хоку хун кашида шаваду мо дар канор бошем”.
Маҳфили шеъри Муъмин Қаноат дар доираи Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ҷараён гирифт, ки дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз баргузор мешавад.
Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандаҳо дар оғози маҳфил аз Муъмин Қаноат ба унвони устоди устодони шеъри нав дар Тоҷикистон ном бурд. Ба гуфтаи ӯ, Муъмин Қаноат яке аз пояҳои шеъри форсӣ ба шумор меояд. Ҷӯрабек Назрӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, шеъри Муъмин Қаноат намакдони шеъри форсӣ аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |