Президенти Покистон Э.Раҳмонро арзандаи унвони Пешво хонд
Мамнун Ҳусайн, раисиҷумҳури Покистон ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмонро бо гирифтани унвони Пешвои миллат шодбош гуфта, таъкид намудааст, ки арзанда аст.
Мамнун Ҳусайн имрӯз, 16 март дар мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон дар Исломобод саломи Эмомалӣ Раҳмонро пазируфта, изҳор доштааст: “Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат ба унвони олии Пешвои миллати тоҷик сазовор аст, зеро вай дар тӯли роҳбарии худ дар Тоҷикистон ин кишвари ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯбарӯ шударо ба як кишвари пешрафта ва суботу ором табдил дод. Имрӯзҳо мо мушоҳида менамоем, ки Тоҷикистон ба мамлакати дар ҳоли рушд мубаддал гардидааст. Дар ҳақиқат мардуми шарафманди Тоҷикистон мардуми хушбахт ҳастанд, ки чунин роҳбари хирадманду сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ доранд”.
Тавре Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ дод, Шукурҷон Зуҳуров дар мулоқот бо раисиҷумҳури Покистон ҳарчи зудтар амалӣ намудани лоиҳаи хатти интиқоли барқи CASA-1000 ва ба анҷом расонидани сохтмони он дар соли 2018 ба манфиати ҳар ду кишвар хондаст: “Дар назар аст, ифтитоҳи расмии сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000 12 майи соли равон дар Тоҷикистон бо иштироки сарони чор кишвари узви ин лоиҳа сурат гирад”.
Шукурҷон Зуҳуров афзудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии сарвазири Покистон Навоз Шариф даъватнома барои ширкат дар маросими ифтитоҳи сохтмони CASA-1000 фиристоданд.
Зуҳуров бо зикри аҳамияти ин хат барои густариши гардиши мол миёни ҳар ду кишвар афзудааст, ки гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2014 89 миллион доллар ва дар соли 2015 ба 64,5 миллион доллар баробар шудааст: “Яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани гардиши мол ба вазъи Афғонистон ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ низ вобаста аст. Тоҷикистон аз сармоягузорони покистонӣ барои маблағгузорӣ дар минтақаҳои озоди Тоҷикистон - Суғд, Ишкошим, Панҷ ва Данғара даъват ба амал овардааст”.
Зуҳуров дар робита ба роҳандозии парвоз дар хатсайри Тоҷикистон Покистон изҳор доштааст, ки “моҳи декабри соли гузашта дар Исломобод бо иштироки намояндагони ширкатҳои “Somon Air” ва “Civil Aviation” мулоқот баргузор гардид, ки дар ҳалли ин масъала замина гузошт. Мувофиқа шуд, ки дар вохӯрии моҳи марти соли равон дар Душанбе ҷонибҳо ба натиҷаи ниҳоӣ меоянд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |