AVDATA: Тоҷикистон ҳавопаймои корӣ надорад
Оҷонсии машваратии “AVDATA/JetNet” гузориши ҷадидаш дар бораи теъдоди ҳавопаймоҳои корӣ ё ба истиллоҳ “бизнес-ҷет”-ро, ки аз ҷониби соҳибкорони алоҳида истифода мешаванд, нашр намудаст.
Оҷонсӣ танҳо ҳавопаймоҳои кориеро ҳисоб кардааст, ки дар феҳрасти миллии кишварҳои ҷаҳон сабт шудаанд ва муайян кардааст, ки теъдоди аз ҳама зиёди чунин ҳавопаймоҳо-19 ҳазору 894 адад дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд.
Дар қаламрави собиқ кишварҳои шӯравӣ, Русия бо 189 ҳавопаймои корӣ пешсаф аст: “Қазоқистон-38 ҳавопаймои корӣ, Украина – 32, Эстония -20, Озарбойҷон – 13, Белоруссия - 13, Литва-11, Латвия – 9, Туркманистон -3, Гурҷистон-3, Арманистон – 3, Қирғизистон - 2, Молдова -1, Узбакистон-1 ҳавопаймои корӣ дорад, ки на ба мусофиркашонии оммавӣ, балки барои рафтуомади доираи соҳибкорон таҷҳизонида шудаанд”.
Гузоришгарон таъкид мекунанд, ки дар Тоҷикистон ягон ҳавопаймои корӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо аз ҳама зиёд ҳавопаймоҳои корӣ cабт шудаанд, Амрико бо 19894 ҳавопаймо, Бразилия-1611, Канада -1335, Мексика -1305, Венесуэла -764, Олмон-764, Австралия -590), Британияи Кабир - 517, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ-435 ва Фаронса бо 410 ҳавопаймо шомил гардидаанд.
Гузоришгарон бо зикри он, ки раддабандӣ бо назардошти ҳавопаймоҳои сабтшуда дар феҳрасти миллӣ таҳия шудааст, таъкид мекунанд, ки имкон дорад доираҳои соҳибкории кишварҳои алоҳида ҳавопаймоҳои худро дар минтақаҳои офшорӣ ё феҳрасти дигар кишварҳо сабт кардаанд. Дар гузориш инчунин ҳавопаймоҳои нафарҳои аввали давлатҳои ҷаҳон сарфи назар шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |