Мусодира ва маҳви беш аз 55000 доруи тақаллубӣ ва пастсифат
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ошкор шудани беш аз 50 ҳазор доруи қалбакӣ ва пастсифат хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, масъулини Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд 52 ҳазору 744 дона дорувории ба таври ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон воридшуда ва ҳазору 425 қуттӣ дорувории пастсифат ва муҳлатгузаштаро ошкор кардаанд: “Ҳамчунин доруҳое, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда надоштанд, монанди Амоксициклин, Апетамол ва Ру-фен”.
Манбаъ мегӯяд, Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд дар пайи ин ҳолатҳо 10 парвандаи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ ва як парвандаи ҷиноятӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба мақомоти суд ва прокуратура ирсол кардаанд.
Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон тайи 12 моҳи соли 2015 ва ду моҳи соли 2016 - 11 ҳолати воридоти ғайриқонунии доруворӣ ба қайд расида, дар маҷмӯъ беш аз 55 ҳазор доруи қалбакӣ ва пастсифат нобуд карда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |