Ин сароянда гуфтааст, бо далели он ки ҳофизи асосии ин тӯй набуд ва ройгон хизмат расонд, бо соҳиби маърака шартномаи хизматрасонӣ набаст. Ӯ таъкид кардааст, ки “ҳоло дар ягон ҷой кор накарда, ягон манбаи даромад надошта, дар таъминоташ панҷ фарзанди ноболиғ доштааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбат ба ӯ ҷазои сабук таъйин шавад. Гарчанде, ки ҳуқуқвайронкунанда Азизов О.Д. худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор ҳисоб накунад ҳам, гуноҳи ӯ бо далелҳои дар парванда мавҷудбуда, аз ҷумла санад, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз 19.08.2015 сол баёноти шоҳидон Шералӣ Исмоилов, Сайдобид Хоркашов, Муҳаммадӣ Саидов ва Бахтиёр Ҳакимов, ки дар баёноташон онҳо қайд кардаанд, ки дар тўйи мазкур сароянда Азизов Остонақул хизмат менамуд, тасдиқи худро меёбад”.
Остон аз хонаводаи хонандаҳои саршиноси Азизовҳо аст, ки замоне бо гуруҳи “Анис” овозадор буданд. “Нозанин”, “Дигар намеоям” ва “Лайлӣ ва Маҷнун” аз таронаҳои машҳури ӯянд.