Бахшҳо

Ҷазои тоҷири ҳиндӣ барои номи тарабхонааш дар Душанбе

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Митра Апурв Бхушан, шаҳрванди Ҳиндустонро дар вайрон намудани қонун дар бораи забони давлатии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, 800 сомонӣ ҷарима бастааст.

Тибқи иттилоияи додгоҳ, Митра Бхушани 25 -сола, дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ 81, биноро ба иҷора гирифта, тарабхонаи ҳиндӣ кушодааст. Додгоҳ мегӯяд, ин тоҷири ҳиндӣ бар хилофи моддаи 18-и қонуни “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” амал намуда, номи тарабхонаашро бо забони ғайридавлатӣ - “Salam-Namaste” гузоштааст. Манбаъ мегӯяд, зимни мурофиаии додгоҳӣ, Митра Апурв Бхушан гуноҳашро иқрор карда, иброз доштааст, ки “Salam-Namaste” тахминан ду сол бо ин ном фаъолият дорад ва ғизономааш низ бо забони англисиву русӣ аст.

Додгоҳ бо дастрасии моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ин шаҳрванди Ҳинудстонро 800 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» матни мӯҳру тамғаҳои ташкилот, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба забони давлатӣ навишта мешаванд.
Мӯҳр
Билохира ин точир шахрванди хиндустон ё чин будааст? :)

Персиан
Nafamidam Xodagon in tijor jibi hast yo hindi bafikram khato kaden isloh knen kadrhoi ironen ky

сино
Тибқи иттилоияи додгоҳ, Митра Бхушани 25 -сола, дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ 81, биноро ба иҷора гирифта, тарабхонаи ҳиндӣ кушодааст. Додгоҳ мегӯяд, ин тоҷири чинӣ бар ......


Бисёр аҷиб аз ҳиндуҳои чинӣ будааст вагарна чиниҳо Митра Апурв Бхушан ном надоранд.

Samad
Ин тарабхона кариб 5-сол шид ки номш ба забони хиндияй нахоки нав акл расид ё ки бучети Додгохи н И Сомони кам шуд

Мухочир
Дар тамоми шахрхои Россия ва дигар давлатхо хар як миллат нуктаи савдо ва тарабхонахои худро бо номхои миллии худ номгузори мекунад, ки ин хилофи конунхои ин кишвархо нестанд. Инчунин аз он, ки матни мухру тамгахои корхонаю ташкилотхо бо забони давлати навишта мешаванд ба мардуми кишвар харчи зиед меорад. Чунки хар як хуччат ва маълумотномаи аз Точикистон ба дигар давлатхо пешниходшаванда, махсусан ба Россия ва дигар чумхурихои пасошурави, барои як мухру тамга хатман бояд тарчумма карда шавад, ки ин харч ва вакти зиедро талаб мекунад. Бехтар не, ки бахри осон кардани мушкилии мардуми точик ягон забони дигар хамчун забони муоширати байнидавлати истифода бурда шавад.

Ин чи булаҷабист! Як шаҳрванди рус дар ватани худамон омада зани тоҷикро мекушад, марди тоҷикро бо корд халла мезанад ва як хитои дигарш ба номуси зани тоҷик таҷовуз мекунад, як аблаҳи дигарш ними заминомона ғайри қонунӣ аз худ мекунад, ҳеч гапу хабар нест ку. Баракс бо мешунавем, ки ба хотири ин "корнамоиҳояшон" аз ким кадом навъи андоз озод шуданд ё бавоситаи ҳуҷҷати девонагӣ аз ҷавобгарӣ озод мешаванд. Лекин як нафаре, ки шояд дар боло "криша" надошт бо забони тоҷикӣ нанавиштааст, ӯро бо тантана дар суд ҷарима карданд. Ҳамин ҳам хуб аст, агар давомнок бошад ва тамоми тарабхонаҳо ва мағозаҳое, ки нимтоҷикӣву нимрусӣ менависанд ба тартиб дароварда шавад. Вале сад афсус, ки ин дағдағаҳо ва ингуна ҷаримабандиҳо фақат барои худнамоӣ ва барои касоне, ки "тағо" надошта бошанд, ҷори мешаваду бас.

Номхои мехмонхонахои хайат реченсию шератонам точики кунед набошам, ё масалан ширкати спирит 55ро.

ДАРОЗРО МОНУ КУТОХРО БУР...

Dev
"Ushtura guftam gamza kun -poliza vajron kardu raft".
Dar tamomi dunjo har kas nomu tarabhonahovu nuktahoi savdoi hudro bo nomhoi milli hud nomguzori mekunad.Az "tojikoni nav" boshad sar dar boloi tan jojgir nest.

nabi farhor
Бигзор аввал бо забони точики бошад,баъд кадом забоне нависта шавад,хеч гап нее . нашавад,ки ин сохибкорхо кахр карда раванд.Ба сохибкорони хоричи аввал конунро фахмондан лозим.

шунаванда
Бояд 8000000000000000000 сомонӣ ҷарима мекарданд, ҳам буҷа ганӣ мешуду, ҳсм кисаҳои ходимо пур мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)