АКС: Дотсенти тоҷик аз оби беҳаракат барқ ҳосил карданист
Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон аз натиҷаи мусбати санҷиши расмии ихтирои устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар додааст.
Масаид Шерматов, дотсенти факултаи физикаю техникаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ахиран аз Маркази миллии патенту иттилоот ба ихтироаш таҳти унвони “Генератори худбарангезандаи ҷараёни доимӣ” посухи мусбат дарёфт кард, ки бар пояи он аз оби беҳаракат барқ тавлид мешавад. Оқои Шерматов дар суҳбат ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, агар барои сохтмони неругоҳҳои обии барқӣ обанбор бунёд шуда, тавассути ба ҳаракат даровардани чархаҳо ва ҳосили барқ тариқи генератор амалӣ шавад, дар ихтирои мазкур дар оби беҳаракат энергия истеҳсол мешавад: “Яъне, ба тариқи дохилнамоии ноқил ба дохили об энергия ба вуҷуд меояд”.
Ин устоди донишгоҳ мӯътақид аст, ҳатто аз як қатра об ҳам энергияи барқӣ гирифтан мумкин аст, вале ӯ самаранокии онро ба бештар намудани ноқилҳои воридотӣ ба об медонад: “Дигар хусусияти муҳими ин намуди барқҳосилкунӣ аз НОБ-ҳо дар он аст, ки дар дуюмӣ ҷараёни истеҳсоли барқ тағйирёбанда буда, дар ихтирои ман он доимӣ аст".
Масаид Шерматов мегўяд, ба ихтирои ӯ донишмандони рус таваҷҷуҳ зоҳир намуда, хостори шарҳи бештари он шудаанд, вале дотсенти тоҷик бидуни бастани шартномаи дуҷониба аз ин ихтироъ ҳарфе гуфтанӣ нест.
Ахиран, Масаид Шерматов ба узвияти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, унвони академики муҳандисиро соҳиб гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |