Азимов: Дар баҳманмоҳи хунин Салимов даст надошт, гунаҳкорони асосӣ беҷазо монданд
Амирқул Азимов, раҳбари гуруҳи тафтишотии ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990 дар мавриди фармони тирпаронӣ ҷониби эътирозгарон, нахустин кушташуда, мансабталошиҳо, бегуноҳии Ёқуб Салимов, фалаҷии ҳукумати вақт ва дасти ҷинояткорону "нимчамуллоҳо" дар он хунрезиҳо суҳбат кард.
Амирқул Азимов иддаоҳо дар мавриди аз сӯи Ёқуб Салимов, аз чеҳраҳои шинохтаи олами ҷиноӣ ва сарвазири вақт Иззатулло Ҳаёев тарҳрезӣ шудани ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990-ро бепоя хонд. Ӯ имрӯз, 28 январ дар ҳамоиши “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар Душанбе изҳор дошт, Ёқуб Салимов дар ин қазия даст надорад ва он шабурӯз умуман дар Душанбе набуд.
Ба гуфтаи Азимов, ҳодисаҳои баҳманмоҳ аз паҳни хабари бардурӯғ дар бораи омадани ҳазорҳо армании фирорӣ ба Душанбе ва додани хона ба онҳо сар задааст. Ӯ изҳор дошт, дар ин ҳаводис асосан се нерӯ -- "нимчамуллоҳои ифротӣ", гуруҳи ҷиноятпеша ва созмонҳои навташкил даст доштанд, ки ҳанӯз аз моҳи январи соли 1990 дар масҷидҳо, корхонаҳо, хобгоҳҳои донишҷӯён овозаҳои бардурӯғ дар бораи додани манзил ба арманиҳоро паҳн карданд. Ба гуфтаи ҷаноби Азимов, 9 феврал гуруҳҳои ҷиноӣ дар Душанбе ҷамъ шуда, қарор карданд, ки алайҳи арманиҳои фирорӣ чора андешанд: “Аллакай шаби 10 ба 11 феврал як гуруҳ ҷавонон дар маҳаллаҳои Испечак, Авул ва Зарафшон ба хонаи арманиҳо ҳуҷум карда, онҳоро латту кӯб ва ғорат намуданд. Рӯзи дигар ин гуруҳҳо бо афроди дигаре, ки муллоҳо ҷалб карданд, назди ҳайкали Ленини бинои парлумон ҷамъ омада, маслиҳати митингро намуданд ва назди бинои Кумитаи марказӣ омаданд”.
Амирқул Азимов иддаоеро, ки гӯиё ҳеч нафаре аз роҳбарони вақти Тоҷикистон назди эътирозгарон набаромаданд, беасос хонда, афзуд, он рӯз Қаҳҳор Маҳкамов аз соати 2 то 3 ба гирдиҳамомадаҳо фаҳмонд, ки овозаҳо дар бораи додани хона ба арманиҳо бепояанд: “Соати 5 як гуруҳи тафтишотии иборат аз намояндаҳои ҳукумат, созмонҳои мардумӣ ва руҳониҳо ташкил шуд, ки бояд давоми 24 соат ба ҷойҳое, ки гӯиё арманиҳо он ҷо қарор доранд, мерафтанду ба издиҳом гузориш медоданд”.
Раҳбари гуруҳи тафтишотии ҳодисаҳои баҳманмоҳ илова намуд, ки бо вуҷуди ин созиш афроди алоҳида бегоҳи рӯзи 11 феврал боз дар масҷиду хобгоҳу корхонаҳо дар бораи ҳузури арманиҳо овозаҳои бардурӯғ паҳн намуданд ва 12 феврал теъдоди бештари одамон ба майдон рехтанд: “Издиҳом оҳиста-оҳиста бештар шудан гирифт. Бетартибиҳо оғоз шуданд. Аллакай соати 14:00 мағозаҳо ғорат шуданд. Дар назди бозори Баракат 40 мағозаро ғорат карда, оташ заданд. Гуруҳи асосӣ ба бинои Кумитаи марказӣ ва Вазорати хоҷагии об зада даромад. Барои ҳимояи иншооти давлатӣ неруҳои махсус даъват шуданд ва дар бархӯрд чандин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осеб бардошт”.
Ба гуфтаи Азимов, вазъият торафт тезутунд шуд ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезӣ аз силоҳ истифода намуда, нахуст ба ҳаво ва баъдан ба тарафҳо тир холӣ карданд. Ӯ афзуд, нахустин кушташудаи ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990 "митингчие буд, ки соати 14:45 сари чанбари автобуси экарус, ки оташ зада шуда буд, нишасту сӯи бинои Кумитаи марказӣ ҳаракат кард. Ин дар наворҳо ҳаст ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯи ӯ тир холӣ карданд”.
Дар идомаи маҳфил аз ҷаноби Азимов пурсида шуд, ки фармони холӣ кардани тир ҷониби эътирозгаронро кӣ дод, зеро Қаҳҳор Маҳкамов, раҳбари вақти Тоҷикистон изҳор дошта буд, чунин амрро надодааст? Ӯ посух дод, тиркушоӣ на ҳама вақт бо фармони раҳбари давлат мешавад: “Масалан, сарҳадбон вақте сарҳадшиканиро дид, метавонад тир кушояд. Кормандони милиса низ вақте диданд, автобуси оташгирифта сӯи даҳҳо нафар ҳаракат дорад, барои пешгирӣ аз хунрезӣ ҳақ доранд, аз силоҳ истифода кунанд”.
Амирқул Азимов гуфт, силоҳ асосан алайҳи афроде истифода шуд, ки дар нооромиҳои баҳманмоҳ даст ба ҷинояткорӣ ва ғорати мардум мезаданд. Ба гуфтаи ӯ, дар нооромиҳои баҳманмоҳ гуруҳҳои ҷиноятпеша мошинҳои шахсҳои аввали ҷумҳуриро ғасб намуда, дар кӯчаҳои Душанбе мардумро ғорату латту кӯб мекарданд: “Аллакай шаби 12 феврал соати комендантӣ ва дар Душанбе ҳолати фавқуллода эълон шуд. Бо вуҷуди эълони соати комендантӣ ҷиноятпешаҳо бо мошинҳои ғасбкардаашон рафтуо намуда, ба ҷинояту ғоратгарӣ даст мезаданд. Ин ҳодисаҳо шабҳои 12-14 феврал идома доштанд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳақ доштанд, алайҳи ин саркашҳо аз силоҳ истифода кунанд”.
Раҳбари тафтишоти ҳаводиси баҳманмоҳ инчунин иддаоҳоро, ки гӯиё барои саркӯби эътирозгарон аз Макав гуруҳи “Алфа”-и КГБ омадааст, беасос хонд. Ӯ инчунин гуфт, зимни тафтишот далели даст доштани хориҷиҳо дар он эътирозу хунрезиҳо тасдиқи худро наёфтааст.
Меҳмони “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар идома гуфт, дар ҳаводиси баҳманмоҳ, масъалаи арманиҳо аз миён рафт ва эътирозгарон истеъфои роҳбарони вақти Тоҷикистонро ба миён гузоштанд. Ба гуфтаи ӯ, эътирозгарон намояндагони худро барои гуфтушунид бо ҳукумат пешниҳод карданд, ки “Кумитаи 17” унвон гирифт. Оқои Азимов илова намуд, зимни гуфтушунид таҳти фишор роҳбарони вақт – котиби аввали Кумитаи марказӣ Қаҳҳор Маҳкамов, сарвазир Иззатулло Ҳаёев ва раиси раёсати Шӯрои олӣ, порлумони вақти Тоҷикистон -- Ғоибназар Паллаев зери санади истеъфояшон имзо гузоштанд, аммо пленуму парлумон онро қабул накард: “Истеъфо зери фишор буд. На барои он, ки роҳбарони Тоҷикистон аз касе тарсиданд, балки мехостанд, аз хунрезӣ пешгирӣ кунанд, зеро вақте дар утоқи гуфтушунид буданд, намояндаи гӯиё мардум медаромаду мегуфт, ки шумо ҳоло ҳам ба протоколи истеъфо имзо нагузоштаед, он ҷо автобус, хона ё мактабҳоро бо одамон оташ мезананд”.
Ба гуфтаи Азимов, таҳти чунин таҳрикҳо роҳбарони Тоҷикистон зери санади истеъфо имзо гузоштанд, аммо дар санад таъкид шуда буд, ки истеъфо қонунӣ сурат мегирад ва онро бояд пленуму парлумон тасдиқ намоянд: “То тасдиқи истеъфо ваколатҳои роҳбарони Тоҷикистон ҳифз мешуданд. Пленум ин истеъфоро дастгирӣ накард”.
Ба иттилои Амирқул Азимов, дар ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990, 25 нафар кушта ва 291 кас ҷароҳат бардоштаанд. Аз ин теъдод 122 нафар бо корд захмӣ шудаанд. Ӯ изҳор дошт, дар робита ба ҳаводиси баҳманмоҳ 121 нафар ба ҳабс гирифта шуда, нисбати 700 тан дигар намуди ҷазо таъин шуд: “Барои он дигар намуди ҷазо татбиқ шуду парвандаи ҷиноӣ алайҳи бархе қатъ шуда буд, ки миёнашон ноболиғон буданду афроде, ки фирефта шуда буданд”.
Ба таъкиди ҷаноби Азимов ҳаводиси баҳманмоҳ бояд барои ҳама панд мешуд, аммо ба иддаои ӯ, баҳои нодурусту тафсирҳои гуногун дар ВАО, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятию масҷидҳо боис шуд, ки хунрезиҳо соли 1992 такрор шаванд. Вай аз ҷумла, аз инъикоси нодурусти ҳаводиси баҳманмоҳ дар нашрияҳои "Чароғи рӯз", "Сухан", "Адолат", варақаи "Растохез", "Адабиёт ва санъат" зикр карда, гуфт, агар ба ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990 баҳои ҳамвазн, якдилона ва воқеӣ дода мешуд, хунрезиҳои солҳои баъдӣ такрор намешуданд: “Ин бад кардан нест, бигзор панд шавад”.
Меҳмони "Гуфтугӯи тамаддунҳо" дар хулосаи суханаш перомуни ҳаводиси баҳманмоҳ изҳор дошт, он замон то андозае фалаҷ шудани ҳукумат низ ба мушоҳида мерасид: “Мансабхоҳон бо афроди ҷиноятпеша дар корхонаҳо гӯиё маҷлиси умумӣ ташкил карда, роҳбарони собиқадорро барканору ҷинояткоронро роҳбар мемонданд... Қабл аз баҳманмоҳ низ эътирозҳои ғайриқонунӣ, ки бе иҷозат сурат мегирифтанд, буданд, аммо ҳукумат чора наандешид”. Ӯ дар мавриди сукути ҳукуматдорон афзуд, "шояд тарсиданд, чун диданд дар кишварҳои назди Балтикаю ғайра мансабдороне, ки алайҳи эътирозгарон чора андешиданд, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд".
Ӯ изҳор дошт, ҳукумат ва мардум ба ошкорбаёнию бозсозию демократикононие, ки охири солҳои 80-уму аввали солҳои 90-ум ба cари мо омад, омода набуданд. Азимов гуфт, ошкорбаёнию бозсозӣ ниқоб барои мансабхоҳону чоҳталабон шуд, ки мардумро бо баҳонаи беҳбуди зиндагӣ ба майдон кашиданду бесаробон монданд. Ӯ илова намуд, то ҳол бар ин аст, ки гунаҳкорони асосӣ, на онҳое буданд, ки ба кӯча баромаданд, балки саркардаҳое, ки бо ғояҳои бегона мардумро фирефта карданд, ҳанӯз ҷазо нагирифтаанд ва таъкид кард, инро ба виҷдони онҳо ҳавола мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |