Бахшҳо
28 янв 2016 16:53Хабарҳои ҷаҳон

Бонги хатари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз маризии Зика

Шӯрои иҷроияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷиҳати роҳандозии иқдомҳои пешгирикунанда аз паҳншавии бемории Зика дар Женева ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор мекунад.

Ин беморӣ боиси мушкилиҳои баданӣ дар тани ҳазорон навзодҳо дар кишварҳои ҳавзаи Кариб ва Амрикои Лотинӣ шудааст. Тасмими баргузории ин ҷаласа баъд аз ҳушдори олимони амрикоӣ дар бораи хатари паҳншавии зиёди бемории Зика гирифта шуд. Хатари асосии бемории Зика, ки тавассути хомӯшакҳо паҳн мешавад, микросефалияро донистаанд, ки боиси коҳиши ҳаҷми мағзи сари навзодҳо мешавад.

Нахустин мавридҳои ин беморӣ дар Иёлоти Муттаҳида сабт шудааст. Дар Ню-Йорк чаҳор маврид, як мавриди дар Калифорния, Миннесота, Виргиния ва Арканзас ошкор шудааст. Бемористонҳои ИМА бо дархости мақомот қабули хуни нафароне, ки аз кишварҳои воқеъ дар минтақаи хатарнок дидан кардаанд, қатъ карданд. Чанд ширкати ҳавоӣ ба мусофирони худ аз ҷумлаи занҳои ҳомила, ки барои парвоз ба кишварҳои Амрикои Лотинӣ билет харидорӣ кардаанд, пешниҳоди бозпас додани маблағҳояшонро фиристодаанд.

Нишонаҳои бемории Зика ба нишонаҳои табларзаи денге монанд аст ва то ҳол доруе бар зидди ин беморӣ вуҷуд надорад. Дар бештари мавридҳо духтурон дар табобати ин беморӣ оҷизанд. Ин беморӣ бештар аз ҳама барои занҳои ҳомила хатарнок аст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)