Барои бунёди роҳи оҳан миёни панҷ кишвар тақрибан 8 миллиард лозим аст
Масъулини ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мегӯянд, тарҳи бунёди роҳи оҳан миёни панҷ кишвар - Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин дар ҳоли баррасӣ буда, ҳар кишвар асосҳои фаннӣ ва иқтисодии онро муайян мекунад.
Баҳром Шодиев, муовини раҳбари КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” имрӯз, 27 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, дар пайи анҷоми тарҳ барои бунёди он миёни ширкатҳо озмун эълон мешавад. Ба иттилои ӯ, тақрибан барои сохтмони ин роҳ 8 миллиард доллари амрикоӣ зарур аст.
Ин дар ҳолест, ки се сол пеш расонаҳо навиштанд, Тоҷикистон аз тарҳи роҳи оҳани Чин–Эрон дар канор монда, ҷои онро Узбакистон гирифтааст. Гуфта мешуд, акнун ин роҳ дар масири Чин– Қирғизистон–Узбакистон–Афғонистон–Эрон сохта мешавад. Он замон масъулини тоҷик далели дар канор мондани Тоҷикистонро аз ин тарҳи байналмилалӣ адами роҳи оҳан бо Қирғизистон гуфта буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |