Бозгашти ҳукумат аз нияти холдингсозӣ: Холиқов яке аз 2 курсияшро аз даст дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 26 январ бо имзои як қарор, қарори қаблии ҳукумат дар бораи таъсиси “Ҷамъияти саҳомии холдингии кушодаи “Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон”, ки "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" ва ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр”-ро ба ҳам оварда буд, аз эътибор соқит кард.
Тибқи қарори нави ҳукумат, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" ба ҳайси сохторҳои алоҳида дар системаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон фаъолият хоҳанд кард.
Тибқи ин тасмими ҳукумат, ваколатҳои Рустам Холиқов ба ҳайси раҳбари ширкати “Тоҷик Эйр” қатъ шудаанд. Ин иттилоъро дар ширкати “Тоҷик Эйр” ба “Озодагон” тасдиқ карда, афзуданд, Холиқов курсии раҳбарияшро дар “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ҳифз кардааст.
Бозгашти ҳукумат аз нияташ барои якҷосозии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" ва ширкати “Тоҷик Эйр” дар ҳолест, ки Рустам Холиқов имрӯз, 26 январ бо зикри дастовардҳояш тайи 1,5 соли роҳбарӣ дар ин ду ниҳод гуфт, қарзҳои “Тоҷик Эйр”-ро кам кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |