Парвандаи ҷиноӣ алайҳи 3 фоҳиша барои паҳнсозии бемориҳои сироятӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2015 дар кишвар 852 ҳолати фоҳишагӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати нишондоди соли пешӣ 161 адад кам мебошад.
Тибқи итттилои ин ниҳод тайи соли 2015 инчунин 219 ҳолати даллагӣ ё занҷаллобӣ сабт шудаанд.
Вазорати умури дохилӣ изҳори нигаронӣ мекунад, ки бархе аз танфурӯшҳо мубталои бемориҳои сироятӣ буда, ин бемориҳоро байни мизоҷонашон паҳн мекунанд. Мақомоти умури дохилӣ аз ҷумла аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи 3 зани танфурӯш хабар доданд, ки мубталои касалиҳои сирояткунанда буда, дар паҳн намудани ин маризиҳо даст доштаанд.
Коҳиши ҳолатҳои фоҳишагӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки тибқи меъёри нави қонунгузорӣ, ки моҳи октябри солои 2015 қабул шуд, агар фоҳиша бори аввал боздошт шавад, аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (400-800 сомонӣ) ҷарима мешавад: “Агар ин нафар бори дуюм давоми як сол барои фоҳишагӣ боздошт гардад, нисбати ӯ ҷарима аз 20 то 40 нишондиҳанда (800-1600 сомонӣ) ё ҳабс ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз татбиқ хоҳад шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |