Кӯли Сарезро тариқи камера аз Душанбе назорат мекунанд
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, барои огоҳии бештар аз афзоиш ё коҳиши оби Кӯли Сарез таҷҳизоти нав насб мекунанд.
Саодаткадам Маскаев, раҳбари Раёсати истифодаи Сарез ва системаи хабардоркунии “Усой” дар нишасти хабарие имрӯз, 22 январ дар шаҳри Душанбе гуфт, қарор аст ояндаи наздик дар Кӯли Сарез таҷҳизоти муосир бо дурбинҳои назоратӣ насб шавад. Ба гуфтаи ӯ, ин таҷҳизот имкон медиҳад, ки мутахассисон аз Душанбе истода сатҳи кӯлро назорат баранд. Вай гуфт, таҷҳизоте, ки ҳоло фаъол аст, мизони зиёд ё кам шудани обро муайян мекунад, аммо “имкониятҳои таҷҳизоти нав бештаранд”.
Пас аз заминларзаи шадиди моҳи декабри соли 2015 дар мавриди афзоиши оби ҷоришаванда аз Кӯли Сарез хабар расид. Хайриддин Абдураҳимов, раҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар нишасти имрӯз гуфт, оби ҷоришаванда аз ҳисоби сангрезаҳо зиёд шуда буд ва ҳоло он мисли пешин аст.
Кӯли Сарез дар пайи як заминларзаи шадид дар шаби 18 феврали соли 1911 пайдо шуд. Куҳпора роҳи рӯди Мурғобро банд кард ва деҳаи Усой зери хоку санг монд. Дарозии ин кӯл 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфнояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукааб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 миллион тонна мерасад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |