Лағви мансабҳо дар қушунҳои сарҳадӣ ва ваколати нави Президент
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сарфармондеҳи қушунҳои сараҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, имрӯз, 22 январ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи қушунҳои сарҳадиро муаррифӣ кард, ки тибқи он мансабҳои сардорони раёсат ва муовинонашон лағв мешаванд.
Тавре сарфармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ зимни баромадаш дар назди вакилони парлумон изҳор дошт, тибқи тағйирот ваколати сардорони раёсату муовинонаш ба уҳдаи сарфармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ вогузор карда мешавад.
Инчунин тибқи тағйирот сарфармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ, ки то ҳол аз ҷониби ҳукумат таъин мешуд, минбаъд аз ҷониби президент таъин мегардад.
Генерал Раҳмоналӣ ҳадафи тағйиротро таҳкими ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон хонд, зеро ба гуфтаи ӯ вазъи феълии марз бо Афғонистон нигаронкунанда аст. Сардори қушунҳои сарҳадӣ махсусан вазъи минтақаҳои Таҳор, Қундуз ва Бадахшони Афғонистонро ташвишовар хонд, чун ба гуфтаи ӯ нуфузи ҷангиён дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Ӯ бо зикри ин ҳолат ташкили сохтори нав, аз ҷумла разведкаҳои махсус дар марз бо Афғонистонро зарур хонд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |