Даъвати як корбари “Озодагон”: Ба Субҳони Сайид барои сабти сурудаш кумак расонед
Шоистаи Равшан, як корбари “Озодагон” зери хабари “Ашки Субҳони Сайид аз паём ба муҳоҷирони тоҷик” шарҳе навишта, хостори боз кардани суратҳисоби вижа барои кумак ба ӯ шудааст. Хонум Равшан менависад, “чӣ хуб мебуд, агар ҳар нафаре, ки дар сина гармии меҳр ва одамият дорад, барои сабти суруди Субҳони Сайид саҳм мегузошт”.
Ҳоло ин шарҳ бидуни таҳрир пешниҳоди хонандаҳо мегардад:
“БА ДАРГОҲИ ТУ НОЛОНАМ ХУДОЁ!
Вақте зан мегиряд, Замин мегиряд, аммо вақти ашки шӯр рехтани марди ҳунар Замину Осмон мегиряд. Дидани ин навор қалби ҳар инсонро ба риққат меорад, ашки талх мерезад. Сарояндае, ки замоне ороиши саҳна буду ба қалби мухлисонаш эҳсоси имон ва инсоният бедор мекард. Субҳони Сайид... Чӣ садои дилчасп дорад.
Ингор, ки садояш аз боғи биҳишти ҳунари воло ба гӯш мерасад. Аммо беморӣ ин марди ҳунарро бистарӣ кардааст. Бо чунин ҳоли табоҳ ӯ истеъдоди худро гум накардааст. Ӯ эҷод мекунад. Шӯълаи ишқаш хомӯш нагардидааст. Дар дил шӯре дорад, оташи гарму сӯзон! Ҳар яки моро огаҳ бар он мекунад, ки эҳсос ва шафқати инсонии худро аз даст надиҳем. Чӣ шеъре месарояд, ки онро мешавад гимн, суруди миллии замон номид. Он суруди инсоният ва одамгарист!
Чаро марди ҳунар вақте замин мехӯрад, касе дасти ӯро намегирад, чаро дӯстон аз марде, ки садояш мурдаро зинда мегардонад, рӯй гардонидаанд? Чаро мо ба қадри инсон, дӯстон, ҳунарманд намерасем? Хеле дардовар аст дидани ин ҳоли ҳунарманди тоҷик. Ашк бо дарди ҷонсӯз гулӯгирам кард. Фарёд ба сӯи Офаридгор намудам. Охир чаро? Чаро?
Шеъре, ки ӯ мехонад муроҷиат ба мардони муҳоҷир, ба онҳое, ки барои пайдо кардани маош ва таъмини рӯзгор ба дуриҳо рафтанду сипас роҳи худро гум кардаанд. Ин шеъри даъват ба мардӣ, муроҷиати баргаштан ба қолаби инсонист, хоҳиш бар он аст, ки падар ба доди фарзанд бирасад, тавалло бар он аст, шавҳар ба назди хонуми худ баргардад, илтиҷо бар он аст, ки қонуни имон ба Худо шикаста нагардад...
Ҳаммиллатони азиз, мо медонем, ки дар замони сахту мушкили буҳрони иқтисодиву маънавӣ қарор дорем. Ингор, ки имтиҳони шадидест барои ҳар яки мо, ки чӣ андоза инсоф ва инсоният аз даст медиҳем. Чӣ хуб мебуд, агар ҳар нафаре, ки дар сина гармии меҳр ва одамият дорад, барои сабти суруди Субҳони Сайид саҳм мегузошт. Пешниҳод мекардам, ки суратҳисобе боз намоем ва маблағе ҷамъ намоем. Бояд ин оҳанги Субҳони Сайид сабт гардад. Садои ӯ ҳазорҳо дили хуфтагонро бедор хоҳад кард, то падар қадри писар донад, нагузорад, ки духтари хурдсол ғуссаи падар хӯрад. Ба падарон чӣ шудааст, ки фарзандони азизи худро фаромӯш мекунанд. Ҳеҷ ҳайвоне чунин амал намекунад...
Ин ҳунарманди хирадманд, ки қалби ҳассос дорад, чанд сол қабл, вақте солим буду садояш дар гӯшаву канори кишвар паҳн мегардид, ҳоли худро пешгӯӣ карда буд: “Ба даргоҳи ту нолонам Худоё...” Мо умед дорем, ки нолаи ӯ ба даргоҳи Худо хоҳад расид! Аммо садои фиғони ӯ то ба қалби мо мерасад ё на?”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |