Э.Раҳмон: Барои иҷрои буҷет кор кунед, баҳона накобед
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 20-уми январ, зимни ироаи паём ба парлумон ҳаҷми буҷети давлатии имсоларо беш аз 18 миллиарду 300 миллион сомонӣ арзёбӣ кард.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон буҷети имсоларо нисбати соли гузашта 20 фоиз бештар хонда, таъкид намуд, ки барои иҷрои он бояд кор кард: “Барои ин заҳмат кашидан даркор, баҳонаҷӯӣ накунед”.
Эмомалӣ Раҳмон вазъи молиявии Тоҷикистонро осебпазир хонда, таъкид намуд, ки ҳанӯз буҷети кишвар пойбанди омилҳои берунӣ мебошад. Ӯ ба Вазорати молия ва Бонки миллӣ дастур дод, ки устувории вазъи молиявӣ ва кам кардани хавфи сар задани буҳронҳоро таъмин намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |