Номзад ба президентии ИМА Тоҷикистонро “махсусан хатарнок” хонд
Рэнд Пол, узви Сенати Амрико аз штати Кентукӣ ва номзад ба раёсати ҷумҳури ин кишвар, Тоҷикистонро хатарнок хонда, хоҳони пурзӯр кардани низоми раводид бо кишвари мо шудааст.
Пол ба парлумони Амрико лоиҳаи қонунро пешниҳод намудааст, ки тибқи он Тоҷикистон, Русия, Туркия, Миср, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Либия, Малӣ, Кореяи шимолӣ, Оман, Қатар, Фаластин, Нигерия ва Имороти муттаҳидаи Араб, дар маҷмуъ 35 кишвар, ба рӯйхати кишварҳои махсусан хатарнок ворид шудаанд. Ин номзад ба мақоми раисиҷумҳури Амрико аз ҳизби ҷумҳурихоҳон таъкид намудааст, ки эҳтимоли ворид шудани террористҳо аз ин кишварҳо ба қаламрави ИМА зиёд аст. Ӯ пешниҳод кардааст, ки додани раводиди сафари Амрико ба шаҳрвандони ин кишварҳо ҳадди ақал бояд давоми 30 рӯз ва ҳадди аксар то анҷоми пурраи таҳқиқи бехатарии ин шаҳрвандон давом ёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |