Аз лағви нафақаи раиси "Султони Кабир" то ҳифзи нафақаҳои "осмонӣ"-и Ҳукумов, Лаълбековаҳо ва Наталяҳо
Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, аз 6 нафаре, ки нафақаи баландтарини маъюбиро мегирифтанд, нафақаи 4 нафарашон қатъ карда шуд.
Тибқи иттилои Оҷонсӣ феълан афроде, ки нафақаи аз ҳама зиёд мегиранд, дар соҳаҳои сердаромад фаъолият кардаанд ва нафақаҳояшон қонунӣ мебошанд: “Гожаева Наталя, маъюби гурӯҳи 2 аст, ки дар ширкати Вавилон фаъолият карда, 12 ҳазор сомонӣ нафақа мегирад. Наталя Назаршоева, ки собиқаи зиёда аз 20 соли корӣ дар “Тоҷиксодиротбонк” ва гуруҳи маъюбиро дорад, зиёда аз 10 ҳазор сомонӣ нафақа мегирад. Лаълбековҳо Фаррух ва Иззатулло собиқ кормандони Тоҷиксодиротбонк мебошанд, ки ташхиси дубора низ нафақаи зиёда аз 10 ҳазор сомонии онҳоро тағйир надодаст".
Нафақаи ҳангуфти Нуралиев Ғулом, собиқ корманди Талков сервис низ аз рӯи қонун арзёбӣ шуд, чун ин шахс музди меҳнати зиёд ва гуруҳи маъюбӣ дорад. Нафақахӯр Амонуллои Ҳукуматулло, собиқ раиси “Роҳи оҳан” низ дар пайи ташхис нафақаи ҳангуфташро ҳифз кардааст, зеро ташхис маъюбии ӯро тасдиқ кардааст. Ба иттилои Оҷонсӣ нафақаи Амонуллои Ҳукуматулло 8 ҳазору 462 сомонию 97 дирамро ташкил медиҳад.
Манбаъ таъкид кард, ки нафақаи ҳангуфти Авазхон Кабиров, раиси бозори “Султони Кабир”, ки ба ташхиси дубора ҳозир нашудааст, қатъ гардидааст.
Дар маҷмуъ раиси Оҷонсии нафақа изҳор дошт, ки то ҳол 65 ҳазору 273 нафарро, аз муоинаи такрорӣ гузаронданд, ки дар натиҷа маъюбии 43 ҳазору 563 нафар тасдиқ шуд: “3 ҳазору 542 нафар аз як гуруҳ ба гуруҳи дигари маъюбӣ гузаштанд. 13 ҳазору 871 нафар тасдиқи худро наёфт. Аз ин теъдод 3 ҳазору 123 аз рӯи синну сол ба нафақа фиристода шуд. Пардохти нафақа ба 10 ҳазору 748 нафар пурра қатъ карда шуд”.
Дар мавриди нафақаи вазирон масъулини Оҷонсии нафақа изҳор доштанд, ки ҳадди ниҳоии нафақаи хизматчиёни давлатӣ 624 сомониро ташкил медиҳад, вале бо назардошти саҳми хизматчиён нафақаи онҳо бозбинӣ карда мешавад.
Қаблан Абдураҳмон Ҳакимов, сардори Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа изҳор дошта буд, ки нафақаҳои зиёд то моҳи апрели соли 2012 таъин шудаанд ва шарҳ дод, ки то он вақт зимни таъини нафақаи маъюбӣ ягон маҳдудият вуҷуд надошт: “То 19 апрели соли 2012 дар таъмини нафақаҳои маъюбӣ маҳдудият пешбинӣ намешуд ва он бо назардошти музди меҳнати ду соли пеш аз баромадан ба нафақа ё 5 соли интихобӣ таъин мешуд. Барои маъюбони гуруҳи 1 ва 2 то 70 фоизи маош ва гуруҳи 3 то 50 фоизи музди меҳнат нафақа таъин мешуд”.
Ӯ илова кард, ки аз моҳи апрели соли 2012 бо тағйири қонунгузорӣ зимни таъини нафақаи маъюбӣ маҳдудият ҷорӣ гардида, ҳадди ниҳоии нафақаҳо муайян шуд: “Аз ҷумла барои маъюбони гуруҳи 1 – ҳадди ниҳоии нафақа 10 ҳадди ақали нафақа, ё худ 1300 сомонӣ, барои маъюбони гуруҳи 2- 8 ҳадди ақали нафақа, ё худ 1040 сомонӣ ва барои маъюбони гуруҳи 3 - 6 ҳадди ақали нафақа баробар ба 780 сомонӣ муайян шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |