Эълони хомӯшии Р.Мирзо: Ҳарфе барои гуфтан намонд
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, эълон кард, ки барои як муддат аз изҳори назар барои расонаҳо ва матбуот худдорӣ хоҳад кард.
Ӯ дар дар сафҳаи фейсбукии худ шарҳ додааст, ки ин тасмим дар пайи тарс, хоҳишу талаб ва фишори касе гирифта нашудаст. Раҷаби Мирзо мегӯяд, худдорияш аз изҳори назар дар матбуот як далели мушаххас дорад: “Дигар ҳарфе барои гуфтан намондаст”.
Ин таҳлилгари тоҷик дар пасманзар изҳороти як соли охирашро зикр карда, таъкид намудааст, ки раванди ҳаводис дар Тоҷикистон барои як одами каме ақлдошта рӯшан аст: “Пас аз эълони натиҷаҳои аввалияи интихоботи ахири парлумонӣ зуд гуфтам, ки моро як тағйироту иловаҳо ба Конститутсия "таҳдид" мекунад? Нашуд? Нагуфтам, ки моддаи 28 Қонуни Асосӣ иваз мешавад? Намешавад? Оид ба шеваҳои эҳтимолии интиқоли қудрат изҳори назар накарда будам? Наздик омадем? Дар мавриди қонуни "Пешвои миллат" ҳама чиро нагуфтам? ... Ҳоло тахмин мекунам, ки Тоҷикистонро як интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ ҳам интизор аст...Не, ман фолбин нестам, фақат ин ки ҳаводиси як кишвари кучакро, ки тақрибан ҳамаи зарфиятҳои неруҳои иҷтимоиашро хеле хуб медонам, қадам ба қадам фарзия назаданро танҳо одами коҳил, ё беақл наметавонад! Пас, модоме ҳама чӣ мисли рӯз рушан аст, чизи дигаре гуфтан бемаънигарист! Шояд гоҳ гоҳ барои матбуот матолибе нависам, аммо барои чанд муддат, то замоне, ки чизе барои гуфтану таҳлил пайдо нашавад, хомӯшӣ беҳтар аст. Не?”
Тасмими хомӯшии Раҷаби Мирзо дар ҳолест, ки ахиран вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Сарқонунро пешниҳод кардаанд, ки тибқи он синни номзадӣ ба президентӣ аз 35 ба 30-сола поин оварда мешавад. Инчунин тибқи тағйирот Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ ва Пешвои миллат ҳаққи бемаҳдуди пешниҳоди номзадияшро ба курсии раёсати ҷумҳур дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |