Сафири Эрон: Амният, оромиш ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мавриди таъкиди мост
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ кардаанд.
Тавре аз Сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд, ин дидор панҷшанбеи 14 январ сурат гирифта, дар ҷараёни он Фағонӣ паёми доктор Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломиро ба ҳамтои тоҷики худ тақдим кардааст. Ҳуҷҷатулло Фағонӣ бо таъкид ба ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳони таниш бо ҳеҷ кишваре, ба вижа кишварҳои исломӣ нест, изҳор доштааст: “Амният, оромиш ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз рушди ифротгароӣ дар минтақа мавриди таъкиди мост”.
Ӯ дар идома бо ишора ба назароти мақомоти олии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфта, “мо ҳамон гуна, ки дар солҳои гузашта ва дар шароити сахт бо ҳадафи ҳифзи оромиш ва ваҳдат дар канори миллату давлати Тоҷикистон будаем, дар шароити ҳассоси кунунӣ ҳам барои муқобила бо рушди ифротгароӣ дар ин кишвар ва кулли минтақа омодаи ҳамкорӣ ҳастем”.
Манбаъ мегӯяд, Сироҷиддин Аслов гуфтааст, мо дорои равобити таърихӣ ва дӯстона ҳастем ва бо он ифтихор мекунем. “Ӯ бо ишора ба азми кишвараш дар басти ҳамаҷонибаи равобит муваффақиятҳои Эрон дар музокироти ҳастаиро сутуд ва ибрози умедворӣ кард, ки бо иҷроӣ шудани тавофуқоти Барҷом ва лағви таҳримҳо, ки дастоварди бузурге барои Эрон ва минтақа аст, равобити Эрон ва Тоҷикистон низ дар арсаҳои иқтисодӣ рушди бештаре ёбад”,-меафзояд сарчашмаи хабар.
Сироҷиддин Аслов зимни беаҳамият донистани ҷанҷолҳои расонаӣ, аз такмили эҳдоси амалиёти туннели "Истиқлол" ва тасвиби Мувофиқатномаи ҳамкориҳои амниятӣ ва интизомии ду кишвар дар Маҷлиси Шӯрои Исломӣ истиқбол кард ва онҳоро нишонаҳои хубе аз эҳтимоми тарафайн ба тавсеаи ҳамкориҳо арзёбӣ намуд.
Манбаъ мегӯяд, дар мулоқот ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ҳам мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |