“Твиттерҷанг”-и Зариф бо ҳамтои арабаш
“Вақте ёддошти вазири хориҷаи Эронро дар “Ню-Йорк Таймс” хондам, тасаввур кардам вазири хориҷаи як кишвари Скандинавия бошад”. Ин ҷумлаи вазири умури хориҷаи Аморот аст, ки ба дунболи нашри мақолаи Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷии Эрон дар рӯзномаи амрикоӣ дар саҳфаи Твиттераш навиштааст. Дар ин матлаб Зариф аз сиёсатҳои Арабистони Саъудӣ интиқод карда буд.
Пас аз он ки Абдуллоҳ бин Зойид Наҳён, вазири умури хориҷаи Аморот дар Твиттераш ин ҷумларо навишт, Муҳаммадҷавод Зариф ҳам дар саҳфаи худ шарҳе гузошт. Ӯ гуфт: “Димломатия арсаи булӯғ аст, на такаббур ва навкисагӣ”.
Бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Эрон ин ҷумлаи Зарифро посух ба навиштаи Абдуллоҳ бин Зойид Наҳён гуфтаанд.
Муҳаммадҷавод Зариф дар мақолаи худ дар “НюЙорк Таймс” аз ҷумла навишта буд: “Омилони бисёре аз иқдомоти террористӣ, аз воқеаи даҳшатафкани 11 сентябр....ва дигар саҳнаҳои ваҳшатангези ифротӣ дар ин фосила, тақрибан тамомии аъзои гуруҳҳои ифротӣ назири Алқоида ва Ҷабҳаи Нусрат ё аз атбои Саъудӣ ҳастанд ва ё тавасути авомфиребоне, ки ба пуштвонаи долларҳои нафтӣ даҳҳаҳост пайёмҳои зиддиисломии нафрату фирқагароиро тарвиҷ мекунанд, шустушӯи мағзӣ шудаанд”.
Равобити дипломатии Эрону Арабистон ба дунболи эъдоми Нимр ан-Нимр, руҳонии маъруфи шиамазҳаби Арабистон тира шуд. Дар пайи ин қазия шуморе аз мӯътаризон ба сафоратхонаи Саудӣ дар Теҳрон ҳамла карданд. Дар посух ба ин вокуниш Арабистон робитаҳои дипломатиашро бо Эрон қатъ кард. Пас аз ин гуруҳи кишварҳои аъзои Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷи Форс аз Арабистон ҳимоят карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |