Саридораи геология мегӯяд, сарбанди “Сарез”-ро ягон заминларза хароб намекунад
Саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯяд, тайи сад соли ахир сарбанди кӯли Сарез мустаҳкам шуда ва ҳеч заминларзае онро хароб намекунад.
Мурод Хол, раҳбари ин ниҳод дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, заминҷунбии харобиовари 7 декабри соли 2015 қишри ҷоришавандаи обро аз кӯли Сарез банд накарда ва об ба маҷрои худ равон аст. Ба қавли ӯ, соли 2011 низ чунин як зилзила ба вуқӯъ пайваста буд, ки ҳамчунон барои ин кӯл хатаре дар пай надошт.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Бадахшон баъд аз вуқӯи заминларзаи 7 декабр хабар доданд, ҳаҷми оби хориҷшаванда аз кӯли Сарез афзоиш ёфтааст. Баъдан бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур як гуруҳи корӣ таъсис ёфта, аз ин кӯл дидан кард.
Дар пайи заминларзаи 7 декабр дар Бадахшони куҳӣ ду нафар ба ҳалокат расида, даҳ тани дигар захм бардошт ва садҳо тан бесарпаноҳ монданд. Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, зилзила дар 357 километрии ҷанубу-шарқи Душанбе ба вуқӯъ пайваста, иқтидори он дар пойтахт 3-4 балл ва маркази он 7-8 баллро ташкил додааст. Ба иттилои манбаъ, шиддати такони замин дар атрофи кӯли Сарез, ки 22 километр дуртар аз маркази заминларза ҷойгир аст, 5-6 дараҷа будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |