Гуфтанист, барномаи кӯмакрасонии ёрии башардӯстона дар ҳолатҳои фавқулодда ва аҳолии шаҳрвандӣ дар хориҷа аз департаменти мудофиаи ИМА барои барқарорсозии мактаб 48.900 доллар харҷ намуд. Абдулқодир Зауров, муовини сардори шӯъбаи иншоот аз вазорати маориф, раиси ноҳияи Тавилдара Ҳимматшо Ғайратов ва мудири мактаби №10 Юсуф Ғафуров низ дар ин маросим ширкат варзиданд. Мактаб дар замони ҷанги шаҳрвандӣ зиён дид ва аз он вақт бад ин сӯ таъмир нашуда буд. Пеш аз ин лоиҳа, кӯдакони маҳаллӣ дар хонаҳои шахсӣ дарс мегирифтанд.
Ин лоиҳа яке аз тарҳҳои ёрирасони мухталифе аст, ки аз номи мардуми Амрико ва аз ҷониби сафорати ИМА роҳандозӣ мегардад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико барои дастгирии рушди бахшҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 984 миллион доллар харҷ кардаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |