Бахшҳо
07 янв 2016 15:54Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Муаллиму коргару табиб нафақаи паст ва “вазиру кабир” нафақаи баланд хоҳанд гирифт”

Дар Тоҷикистон қонуни нави нафақа омода шудааст, ки тибқи он ҳаҷми нафақа бар асоси маош ва андозе, ки корманд супурдааст, муайян шуда, мисли қонуни феълӣ маҳдудият дар таъини ҳаҷми нафақаро надорад. Дар зимн “Озодагон” аз се соҳибназар пурсид: ШУМО ИН ҚОНУНРО ЧӢ ГУНА МЕПАЗИРЕД?


Мирзошо ВАТАНШО, рӯзноманигори собиқадор

Ҳар як қонуни нафақа бозтоб ва инъикосгари вазъи ҷомеа ва адолати иҷтимоии ҳамон кишвар аст. Тибқи қонуни нав боз ҳам ҳамон ноадолатии ҷомеа боқӣ мемонад, яъне қишри осебпазир – муаллиму коргару табиб, ки музди меҳнати ночиз мегиранд, нафақаи паст ва “вазиру кабир”, ки маоши хуб мегиранд, нафақаи баланд хоҳанд гирифт. Ва бо ин мантиқу бо ин маънӣ, магар ҳамон маҳдудият – “потолок”-и пештара хубтар нест?!

Шералӣ АБДУЛҚАЙСОВ, ҳунарманди саршиноси театр

Хар чӣ ба манфиати беҳбуди зиндагии инсон бошад, хушоянду ройдор аст.

Ромиш НЕЪМАТОВ, иқтисодшинос

То ҷое медонистам, муайяннамоии ҳаҷми нафақа дар мо аз рӯйи собиқаи корӣ ва ҳаҷми маош муайян мешуд. Ин чизи нав нест. Лекин дар мо ҳадди ақалу ҳади аксарро ҷорӣ намуданд. Ин ҳам бошад, дар чандин мавридҳо вайрон шудани қонуни амалкунанда буд. Зеро бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои бардурӯғ ин қонун риоя намешуд. Ростӣ, ман аз низоми навини нафақа чандон хабардор нестам.
Мӯҳр
Саид
Вазиру раис дар вакти мансабдориашон дунёра чамъ мекунанд бас нест, ки боз нафакааш хам аз муалими бечорада зиёд аст?! Охир хамин вазирон чи кор кардаанд дар чомеа?! Аммо омузузгор фарзандони моро таълим медиханд.

Хакикат
Бехтарин Конун барои таиноти нафака, чунки ин Конун вобаста ба андозҳои супорида кормандон дар тули фаъолияташон таъин карда мешавад.

Нафака
Хакикат,
хакикат дуруг хам дорад!!! Кадом вазиру кабир андоз супоридай? хато хешу таборонашон андоз намесупоранд. Боз бало дар сари духтуру муаллиму милесаву дехкон зад.

Карим
ҳозир ду қонун дорем, яктоаш соли 2017 аз эътибор соқит карда мешавад
чӣ зарур аст, бояз як қонуни нав қабул шавад
ҳамон қонуни пештараро монед, лекин маҳдудияти нафақаро бардоред, ҳамамаш хуб мешавад

Пеш аз кабули 'конуни нафака' , аввал 'конуни музди мехнат' аз нав дида баромада шавад.
Барои кадом корнамоиашон музди депутатхову вазирону раисон баланд аст? Хол онхо бе ин хам сохиби имтиёзхои зиёданд (мошина ва хонахои хизмати, сафархову дамгириву муоличаашон ва гайрахо хама аз хисоби буча) .
Мехнаткашони одди ки хама гаронихои иктисодиётро ба души худ мекашанд худ маоши ночиз мегиранд ва дар оянда нафакаи аз он хам ночизтар мегиранд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)