Кофтукоби марде, ки шоми ҷашни Соли Нав дар Душанбе гум шудааст
Абдулшоҳин Абдулҳасанов, сокини 44 солаи ноҳияи Айнӣ, ки шоми 1 январ дар шаҳри Душанбе ба тамошои чорабиниҳои солинавӣ баромадааст, бедарак шудааст.
Босимқул Абдулҳасанов, бародари Абдулшоҳин имрӯз, 7 январ ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки ҳамроҳи бародараш рӯзи 1 январ барои тамошои чорабиниҳои солинавӣ аз хона ба кӯча баромада буданд: “Соати 18 буд, мо ҳамроҳ будем, ӯ гуфт, ман як хонаи ҷиянамон меравам. Баъдан саоти 18:52 як бор ба ман занг зад, ки каме тамошо карда, меояд. Баъди ман охирон бор боз ба ҳамсараш низ занг зада будааст ва бо ҳамин дигар куҷо рафтааст, касе намедонад”.
Босимқул Абдулҳасанов мегӯяд, бародараш аслан сокини ноҳияи Айнӣ буда, муваққатан дар Душанбе зиндагӣ мекард. Ӯ афзуд, ки аз бедарак шудани Абдулшоҳин ба мақомот хабар додааанд, вале бо гузашти як ҳафта ҳеч нишоне нест. Наздикони Абдулшоҳин аз шаҳрвандоне, ки дар бораи ҷои будубоши ӯ иттилое доранд, хоҳиш намуданд, ки тариқи рақамҳои 93 524 40 23, 918 32 93 02 хабар диҳанд ва мукофот гиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |