Соли нав аз ҷаҳиши доллар оғоз шуд: Қурби ошкору пинҳон
Бонки миллии Тоҷикистон қурби доллари амрикоиро имрӯз, 4 январ 7,11 сомонӣ муқаррар кардааст. Ин нишондод охири соли гузашта ҳудуди 6,96 сомониро ташкил медод.
Тибқи муқаррароти Бонки миллӣ барои рӯзи 4 январ қурби евро 7,75 сомонӣ ва қурби 1000 рубл 101 сомонӣ муайян гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки корафтодаҳо мегӯянд, амалан 100 доллари амрикоӣ дар бозори нақди Тоҷикистон ба ивази 7,75 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар пайи афзоиши фурӯши пасипардагии доллар, ки феълан бо қурби евро фурӯхта мешавад, ахиран Бонки Миллии Тоҷикистон ба қонунгузории кишвар тағйиру иловаҳоеро пешниҳод намудааст, ки барои фурӯши асъори хориҷӣ дар берун аз бонк ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд. Аммо мушоҳидон мегӯянд, вақтҳои охир фурӯши қимати доллар аксаран дар худи намояндагиҳои бонкҳои тиҷоратӣ сурат мегирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |