Эмомалӣ Раҳмон расман пешвои миллат шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 29 декабр расман унвони пешвои миллатро гирифт.
“Ҷумҳурият”, нашрияи расмии Тоҷикистон матни қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат”-ро нашр кард. Дар Тоҷикистон қонунҳо баъди нашрашон дар нашрияи расмӣ ҳуқми қонунро мегиранд.
Лоиҳаи қонуни мазкур 9 декабр аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон қабул шуда, 18 декабр аъзои Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ҳам аз он ҷонибдорӣ карда буданд. Худи Эмомалӣ Раҳмон 25 декабр зери он имзо гузошт.
Ин қонун аз 16 модда иборат буда, оқои Раҳмон иҷоза медиҳад, баъди анҷоми ваколати президентиаш дар соли 2020 бонуфузтарин мақоми кишвар бимонад. Моддаи 5-и қонун дахлнопазирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ном дошта дар он гуфта мешавад, “ӯ барои амалҳояш дар давраи иҷрои ваколатҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба ҷавобгарӣ кашида намешавад”.
Банди дуи ин қонун мегӯяд, пешвои миллатро дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, кофтуков кардан ва маҷбуран овардан манъ аст: “Дахлнопазирӣ ба молу мулки хусусӣ, ҳамчунин молу мулки аъзои оила, ба манзили истиқоматӣ, бинои хизматӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа, мукотиба ва ҳуҷҷатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ мегардад”.
Бар асоси моддаи 8 таъмини амнияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро мақомоти давлатии амнияти миллӣ бар уҳда мегирад: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар ҷойи будубоши доимӣ ва муваққатӣ бо ҳимояи якумраи давлатӣ таъмин карда мешавад”. Инчунин аъзои оилаи ӯ ҳам бо ҳимояи давлатӣ таъмин мешаванд.
Моддаи 9-и қонун дар бораи таъмини пешвои миллат бо манзили истиқоматӣ ва моддаи 10 дар бораи таъмини ӯ бо нақлиёт аст. Дар ин қонун омадааст, ки дар давраи иҷрои ваколати президент аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таъсис дода мешаванд: “Осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат сарвати миллӣ буда, моликияти давлатӣ ба шумор мераванд”.
Дар моддаи 12 гуфта мешавад, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, пас аз қатъи ваколати президентиаш, якумра хизматрасонии ройгони тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ, ки дар давраи иҷрои ваколати президентиаш расонида мешуд, нигоҳ дошта мешавад. Моддаи 13 дар бораи таъмини нафақа ва суғуртаи ҳаёт ва саломатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мебошад. “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, новобаста ба синну солаш, бо нафақаи ҳармоҳа ба андозаи 80 фоизи музди моҳонаи вазифавии Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад”, -омадааст дар банди аввали ин модда.
Эмомалӣ Раҳмон 63 сол дошта, аз моҳи ноябри соли 1992 раҳбарии кишварро бар уҳда дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |