Бахшҳо

Тоҷикистон дар расонаҳои хориҷӣ: Қазияи Умаралӣ, ҷарима барои зодрӯз, Пешвои миллат...

Таҳияи Абдулазизи ВОСЕЪ

“The Telegraph”,“Daily Mail”, “Global Post”, “BBC”, “The Week” рӯйхати нопурраи расонаҳои маъруфеанд, ки номи Тоҷикистонро аққалан бораке дар соли 2015 зикр кардаанд. Дар бораи расонаҳои русӣ ҳоҷҷати гап ҳам нест. Онҳо қариб ҳар рӯз чизе менависанд...


Дар 12 моҳе, ки ба ҳукми таърих гузашт, номи тоҷику Тоҷикистон чандин маротиба то матбуоти ҷаҳон кашида шуд. Исми кишвари мо дар ин давом ҳам бо хабарҳои хуб ва ҳам бо хабарҳои манфӣ сархати расонаҳо қарор гирифт. Дар поёни сол чашмандозе ба бархе аз ин хабарҳо доштем.

ПУРСАРУСАДОТАРИН хабар бешак қазияи марги Умаралӣ Назаров, тифли панҷмоҳаи тоҷик буд. Умаралӣ Назаров 13 октябр дар пайи боздошти модараш -- Зарина Юнусова аз сӯи пулиси ноҳияи Адмирали шаҳри Санкт-Петербург дар беморхонаи Сембалина ба таври мармуз даргузашт. Ин қазия вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт. Афроди зиёде дар Тоҷикистону Русия, Амрико ва кишварҳои Аврупо бо баргузор кардани ҳамоишҳои эътирозӣ талаб карданд, ки омилони марги ин навзоди тоҷик муҷозот шаванд. Ин масъала то ҳадде доғ шуд, ки дар робита ба он мақомҳои олии ду кишвар изҳори назар карданд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 30 октябр дар мулоқот бо Дмитрий Медведев, раиси ҳукумати Русия гуфт, “умедворем, ки ин масъала дар доираи қонун ҳал мешавад ва бо ин кушишҳои истифодаи ин қазия аз ҷониби баъзе доираҳои манфиатдор барои тезутунд намудани руҳияи гуруҳҳои маълум, аз ҷумла дар миёни муҳоҷирони корӣ ва зиён расондан ба муносибатҳои дӯстонаи мо барҳам зада мешаванд”. Раиси Ҳукумати Русия дар навбати худ изҳор дошт, рафти таҳқиқи ин ҳодисаи нанговар дар зери назорати худи ӯ буда, барои муайян намудани ҳамаи ҷонибҳои ин рӯйдод гуруҳи махсуси тафтишотӣ созмон ёфтааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия гуфт, президент аз қазияи марги Умаралӣ Назаров огоҳ аст: “Албатта президент аз ин қазия огоҳ аст, чун ин ҳодиса вокунишҳои зиёд ба вуҷуд оварда, васеъ дар ВАО инъикос шуд. Аммо ҳар ҳодиса наметавонад таҳти назорати президент бошад, ин имкон надорад. Ниҳодҳои давлатӣ мавҷуданд, ки дар доираи салоҳияти худ, ки ба чунин мушкилот машғул мешаванд”.
4 ноябр Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, дар робиата ба ин қазия бо ҳамтоёнашон дар Думаи давлатию сохтори интизомии Русия дар тамос шуда, хостори таҳқиқи холисонаи он шуданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон 12 ноябр дар мулоқот бо ҳайати Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Русия масъалаи марги Умаралиро ба миён гузошт. Ӯ аз аъзои палатаи болоии парлумони Русия даъват кард, бо истифода аз сатҳ ва мақоми Шӯрои Федератсия назорат кунанд, то қазияи фавти шаҳрванди 5-моҳаи Тоҷикистон мунсифона ва дар доираи қонунҳои амалкунанда баррасӣ шавад.

Тоҷикистон дар расонаҳои хориҷӣ: Қазияи Умаралӣ, ҷарима барои зодрӯз, Пешвои миллат...Дамир Ҳазрат Муҳиддинов, ноиби аввали Раёсати мусалмонҳои Русия, муфтии Санкт-Петербург фоҷеаи Умаралӣ Назарови 5-моҳаро даҳшатангез ва натиҷаи хунукназарии ҷиноӣ, бетарафию бюрократияи ғайриинсонӣ хонд. Ӯ дар сафҳаи интернетиаш дар сомонаи “Живой Журнал” навиш, “хабари чунин ҷиноятҳои даҳшатафкан зуд шаҳру кишварҳо, пеш аз ҳама Осиёи Марказиро фаро мегиранд. Баъд боз дар ҳайрат мемонем, ки чаро намехоҳанд бо мо дӯстӣ кунанд. Як ҳолати хунукназарию бетарафӣ талошҳои густурда ва сарфи миллиардҳо маблағро барои ҳамгироӣ ба сифр баробар мекунад”.

Диана Гуртская, овозхони маъруфи рус ва узви Палатаи ҷамъиятии Русия бо ирсоли як нома ба Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав марги Умаралиро ҷиноят хонда, навишт, “хеле шарм медорам, ки дар пойтахти фарҳангии Русия тифли навзод комилан беҳимоят монд. Омодаам, якҷо бо ҷамъияти тоҷикон тамоми талошро равона кунам, то чунин қазияҳо минбаъд такрор наёбанд”.

Дар баробари ин даҳҳо чеҳраи маъруфи Русия шурӯъ аз сиёсатмадорону вакилон ва мухолифони Путин то намояндаҳои бахшҳои мухталиф дар робита ба қазияи марги Умаралӣ изҳори назар карда, хостори муҷозоти омилони марги ӯ шуданд. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин вокунишҳо Зарина Юнусова, модари ин тифли панҷмоҳа бо иттиҳоми нақзи қавоиди буду бош аз Русия ихроҷ шуд. Ӯ ҳамроҳ бо тобути фарзанди ягонааш ба Тоҷикистон омад ва баъди соатҳои зиёди интизорӣ дар фурудгоҳи Душанбе, ки ҳеч масъуле ба суроғашон наомад, ҷасади беҷони писарашро дар ноҳияи Файзобод ба хок супурд.

Ду ташхиси тиббӣ сабабҳои марги Умаралии навзодро ситомегалавирус ва парагрипп гуфт, аммо наздикони ӯ эълон карданд, натиҷаи ин ташхисҳоро қабул надоранд. Гузашта аз ин 4 декабр Муқаддас Абдураҳмонова, вакили мудофеи Зарина Юнусова, модари Умаралӣ аз қавли пизишкони додгоҳии Тоҷикистон гуфт, ки дар хуни Зарина ангезаи ситомегаловирус дида нашудааст. Сарраёсати тафтишотии Русия Рустам Назаров, падари Умаралиро расман ҷабрдида эълом кард. Ин қазия дар соли 2015 тамом нашуд ва ба эҳтимоли зиёд то чанд моҳи соли нав тӯл мекашад. Аммо гумони ғолиб ин аст, ки дар ин қазия “ҳама аз об хушк мебароянд” ва касе дар марги тифли бегуноҳ гунаҳкор намешавад...

Тоҷикистон дар расонаҳои хориҷӣ: Қазияи Умаралӣ, ҷарима барои зодрӯз, Пешвои миллат...ПЕШТАР аз қазияи Умаралии панҷмоҳа хабаре дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт, ки ба гуфтаи бархе соҳибназарон ба имиҷи Тоҷикистон латма зад. Моҳи август маъруфтарин расонаҳои ҷаҳон, ки “The Telegraph”,“Daily Mail”, “Global Post”, “BBC”, “The Week” дар қатори онҳоанд, аз ҷарима шудани Амирбек Исоев, як сокини Душанбе хабар доданд, ки рӯзи мавлудашро берун аз хона ҷашн гирифтааст. Амирбек Исоев 10 июли соли равон аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт барои нақзи қонуни танзими расму ойин ва маросимҳо 4 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Гап сари ин аст, ки яке аз дӯстони ӯ дар Фейсбук чанд акси дастаҷамъӣ дар тарабхонаро гузошта бо рӯзи мавлуд табрикаш намуд. Баъди ин Исоевро ба додситонӣ даъват карда, алайҳаш парвандаи маъмурӣ мекушоянд. Ин ҷавон баъдан ба расонаҳо гуфт, аслан дар тарабхона мавлуди ӯро ҷашн нагирифта буданд.

ХАБАРИ ДИГАРЕ, ки таваҷҷуҳи расонаҳои хориҷиро ҷалб кард, қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” буд. Лоиҳаи ин қонунро, ки ба Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, баъди анҷоми ваколати президентиаш дар соли 2020 бонуфузтарин мақоми кишвар бимонад, 9 декабр вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карданд. 18 декабр аъзои Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ҳам аз он ҷонибдорӣ кард ва 25 декабр зери он худи Эмомалӣ Раҳмон имзо гузошт. Акнун баъди нашраш дар рӯзномаи “Садои мардум” он ҳукми қонунро мегирад. Қонуни мазкур аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро муқаррар мекунад.

БАЪД АЗ 105 рӯзи асорат раҳо шудани табиби тоҷик дар Яман, яке аз хабарҳои дигар буд, ки ба сархати расонаҳо баромад. Гулрухсор Рофиеваи 36-сола, ки дар яке аз беморхонаҳои низомии вилояти Маъриби Яман ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекард, 29 октябри соли 2014 аз сӯи афроди мусаллаҳ дар Яман рабуда шуд ва танҳо 10 феврали соли 2015 раҳо гардид. Ӯ баъди талошҳои зиёд, 21 феврали соли равон ба Тоҷикистон баргашт, аммо ахиран расонаҳо гуфтанд, ки қасд дорад дубора ба Яаман биравад, зеро таъмини рӯзгор барояш гарон афтодааст.

ҲОМИЛАДОРИИ
25-уми Нурбибӣ Мансурова, сокини 47-солаи Кӯлоб ҳам дар сархати бархе расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт. Дар бораи ин зан нахуст, “Theopenasia.net” хабар дод. Ба иттилои манбаъ, аз фарзандони Нурбибӣ 15 нафар зинда монда, феълан интизори хоҳар ё бародар мебошанд: “Нурбибӣ 4 духтарашро ба шавҳар дода, соҳиби 9 набера мебошад. 11 фарзанди дигар ҳамроҳи волидон зиндагӣ мекунанд”.

Ин зан дар 14-солагӣ ба шавҳар баромада, ҳеч фарзанди худро дар таваллудхона ба дунё наовардааст. Ӯ гуфта, васоили ҷилавгирӣ аз ҳамл ба ӯ кӯмак намекунанд ва будаанд, солҳое, ки ӯ ду бор таваллуд кардааст.

Тоҷикистон дар расонаҳои хориҷӣ: Қазияи Умаралӣ, ҷарима барои зодрӯз, Пешвои миллат...Исми тоҷику Тоҷикистон аз ҳар расонаи дигар дида, дар ВАО-и Русия бештар нашр мешавад, аммо дар бештари маворид ин хабарҳо хушоянд нестанд. Аксари ин хабарҳо ҷиноиянд ва “қаҳрамонҳо”-яшон шаҳрванди Тоҷикистонеанд, ки бо коҷоки маводи мухаддир машғуланд, ба номуси ноболиғе дастдарозӣ кардаанд, ҳамёни касеро рабудаанд, касеро ғорат кардаанд ва монанди инҳо. Вале дар соли 2015 чанд хабаре буд, ки номи тоҷику Тоҷикистон дар расонаҳои русӣ бо некӣ ёд шуд. Забеҳулло Шафеъзода, ҷавони 25-солаи тоҷик яке аз онҳоест, ки тавонист самти хабарҳои марбут ба тоҷиконро дар ВАО-и русӣ тағйир бидиҳад. Ин ҷавон аз соли 2008 ба ин сӯ дар Маскав ба ҳайси ронандаи таксӣ фаъолият мекунад ва моҳи октябр ҳамёнеро пайдо кард, ки дохилаш пулу корти бонкӣ буд. Ӯ соҳиби ҳамёнро пайдо кард ва бо ҳамин вирди забонҳо шуд. Дар пайи нашри ин хабар корбарони интернет ба хотири қадрдонии Забеҳулло “флешмоб” роҳандозӣ карда, барои ӯ маблағ гирд оварданд. Аммо ин ҷавони тоҷик маблағҳои ҷамъшударо барои табобати як тифли маризи тоҷик супурд.

БА ИН МОНАНД,
моҳи август ронандаи дигари тоҷик бо номи Равшан, ки 47 сол дорад, ҷузвдон ва 850 ҳазору 200 рубли як мусофири худро ба соҳибаш баргардонд. Ин 850 рубл марбут ба сокини ношунавои маҳаллие будааст, ки “мототсикл”-и худро фурӯхтаву ҳангоми бозгашт ба хона ҷузвдони маблағро дохили нақлиёти мусофирбар фаромӯш кардааст. Равшан ба расонаҳои Русия гуфта буд: “Ҳар шаб баъд аз соати корӣ дохили нақлиётро аз назар мегузаронам, то мусофире чизеро фаромӯш накарда бошад ва он шаб низ ин амалро такрор кардам, ки ҷузвдонеро бо 850 ҳазору 200 рубл ва либосе ёфтам. Пагоҳ аз субҳ то шом ин ҷузвдонро бо худ гирифтам, ки шояд касе ба суроғаш ояд. Аммо касе наомад”.

Ба гуфтаи Равшан, ӯ аз тариқи нишони навиштаи пушти лифофаи маблағ муштарии “Мототсикл”-ро пайдо карда, тавассути он бо соҳиби маблағ тамос гирифтааст: “Дар он нишонӣ мардеро ёфтам, ки гуфт, ман бо ин маблағ “мототсикл” харидаам ва ҳоло он дигар моли ман нест ва шумораеро доду гуфт, метавонӣ соҳиби маблағро бо ин пайдо кунӣ”.

МОҲИ ДЕКАБР
расонаҳои русӣ аз қавли мақомоти Санкт-Петербург навиштанд, ки шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон дар кӯчаи Есенини ин шаҳр навзоди партофташударо наҷот додааст. Тибқи иттилои мақомот, ин ҷавони тоҷик ҳангоми кӯчарӯбӣ навзодеро пайдо мекунад, ки бо латта печонда шудааст: “Ҷавони тоҷик фавран навзодро ба хонаи наздиктарини кӯдакон бурда, наҷот додааст”.

Тоҷикистон дар расонаҳои хориҷӣ: Қазияи Умаралӣ, ҷарима барои зодрӯз, Пешвои миллат...АХИРАН,
расонаҳои русӣ навиштанд, ки Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар Шукруллои Ғиёсзода, як навраси 15-солаи тоҷикро барои наҷоти як марди маҳаллӣ ба медали “Барои наҷоти ғарқшудаҳо” пешниҳод кардааст. Вазорати маориф ва илми вилояти Челябинск ҳамроҳ бо маъмурияти шаҳри Киштим масъалаи ироаи ҳаққи шаҳрвандии Русия ба хонаводаи ин наврасро баррасӣ мекунанд. Шукруллои Ғиёсзода рӯзи 16 декабр ба дарс дер омад ва мавриди сарзаниши раҳбари синфаш Валентина Голованова қарор гирифт. Аммо Шукрулло сумкаашро рӯи парта партофта, ба раҳбари сахтгираш гуфт: “Сарзанишам накунед, Валентина Петровна. Ман як нафарро аз марг наҷот додам”. Маълум шуд, вақте Шукрулло ба сӯи мактаб мешитофт, ҳангоми гузаштан аз купруки кӯчаи Садовая садое аз зери дарёи яхбаста ба гӯшаш расид, ки мегуфт: “Ёрӣ диҳед! Ёрӣ диҳед!” Ӯ худро ба ҷое, ки садо меомад, расонд ва дид, ки марде зери оби сарди дарё мондааст. Ин мард аз ҷумлаи коргарони корхонаи радиои Киштим буд, ки аз ин қитъаи дарё барои сохтани шаҳраки солинавиашон ях мебуриданд, вале вақте танҳо мондааст, аз беэҳтиётӣ лағжида, дар оби сард ғарқ шудааст. Шукрулло ду чӯби дарозро ёфта, ба марди ғарқшуда дароз мекунад ва ӯ наҷот меёбад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)