Норозигии Р.Эмомалӣ аз вазоратҳо ва изҳороти Расулзода: Ягон кишвар фасодро аз байн набурдааст
Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз талоши ҳукуматҳои маҳаллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ алайҳи фасодкорӣ изҳори норозигӣ кардааст.
Ӯ имрӯз, 25 декабр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия бо такя ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 таъкид намудааст, ки рафти иҷрои нақшаи кории шӯро ва татбиқи Стратегия дар вазорату идораҳои давлатӣ дар аксар маврид ба талабот ҷавобгу нест: “Натиҷаҳои мониторинг муайян кард, ки дар баъзе сохторҳо то ҳол нақшаи корӣ барои татбиқи стратегия тартиб дода нашудааст ва дар баъзе ҳолатҳо бандҳои алоҳидаи Стратегияи муқовимат бо коррупсия сарфи назар карда шудааст".
Рустами Эмомалӣ иброз доштааст, ки барои пурра татбиқ кардани Стратегияи муқовимат масъулин бояд дар ҳама зинаҳо барои пешгирӣ ва аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ чораандешӣ намоянд.
Тибқи иттилоияи расмӣ раиси Оҷонсии зидди фасод дар мавриди фаъолияти ниҳоди тобеяш изҳор доштааст, ки “Агентӣ барои аз байн бурдани коррупсия, ки аз самтҳои асосии стратегияи Ҳукумати мамлакат дар роҳи рушди иқтисодиёт ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошад, фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Барои ҳамкории зич бо аҳолӣ аз ҷониби Агентӣ телефони боварӣ фаъолият дошта, кормандон 724 баромад, 51 сӯҳбати таҳлилӣ омода ва дар ВАО пахш карданд. Инчунин, дар тамоми вазорату идораҳо бо аҳолӣ 1350 мулоқот гузаронида шуд. Дар ин самт инчунин аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 240 семинари омӯзишӣ доир карда шуд”.
Қоҳир Расулзода , сарвазири Тоҷикистон ва раиси Шӯрои муқовимат бо коррупсия дар ҷаласаи мазкур изҳор доштааст, ки коррупсия яке аз душвортарин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, то ҳол ягон кишвари олам барои пурра аз байн бардоштани он муваффақ нашудааст. Сарвазири мамлакат ба фаъолияти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мониторинге, ки аз ҷониби он гузаронида шудааст, баҳои баланд додааст. Номбурда гуфтааст, Оҷонсӣ зимни гузаронидани мониторинг дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ вазъро бо таҳлилҳои амиқ пешниҳоди аъзои Шӯро намудаст.
Дар охири ҷаласа нақшаи кории Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия барои соли 2016 тасдиқ карда шудаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |