Илтиҳоби сурхбодӣ (Рожа)
Маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино
Сурхбод ё илтиҳоби сурхбодӣ - бемории вазнини сироятист, ки нишонаи зоҳирии он иллтиҳоби шадиди сатҳи пӯст ба шумор меравад. Сурхбод метавонад дар ҷойҳои гуногуни бадани инсон пайдо шавад ва гӯши инсон низ аз он истисно нест. Сурхбод дар гӯш, бештар системаи лимфавии сатҳи пӯсти гӯши берунӣ ва зербахшҳои онро фаро мегирад. Сурхбод аз рӯи паҳнгаштанаш дар системаи муосири патологияҳои илтиҳобӣ ҷои 4 умро ишғол мекунад. Ангезандаи беморӣ дар бештари маврид, вируси стрептококки β-ҳемолитикии гурӯҳи А шумурда мешавад. Ин вирус тавассути захмҳо ё дигар иллатҳои пӯст вориди организми одам мегардад. Аммо на ҳама одамон, ки ин вирус ба баданашон ворид мегардад, метавонанд гирифтори ин беморӣ бошанд. Аз рӯи таҳқиқоти олимон, наздик ба 15% одамони дорои ин вирус, ба бемории сурхбод гирифтор намешаванд. Чун барои сар задани ин беморӣ як қатор омилҳои дигар монанди: эҷоди захмҳо ва иллатҳо дар пӯст; якбора дигаргун гаштани ҳарорат; ҳолати стресс; офтобхӯрдагии пӯст (загар); ва ҷароҳатҳои гуногун нақши калон доранд.
Беморони гирифтор ба сурхбод одатан шикоят аз сӯзиш ва дардмандӣ дар ноҳияи гӯш мекунанд. Аломатҳои асосии сурхбод иборатанд аз:
сурхшавии намоёни суримонанд (эритематозӣ);
варами пӯсти сатҳи суфраи гӯш бо фарогирии нармаи он; дарди сахт ҳангоми палмосидан.
Ҳудуди илтиҳоби аз пӯсти солими атроф комилан фарқ мекунад ва бо сурхӣ ва болинчакҳои варамида, ҷудо мегардад. Намуди ҳубобии (булёзии) сурхбод, бо пайдоиши ҳубобчаҳо зоҳир мегардад ва дар бештари маврид ихроҷи зардобӣ (серозӣ) дорад. Илтиҳоби сурхбодӣ, баъзан ба ноҳияи изофаи пистоншакл тӯл кашида, шабеҳи бемории мастоидит мегардад. Сурхбод бо табларза ва баландшавии ҳарорати бадан то 39-40* С ва сӯзиши шадиди гӯш сурат мегирад. Дар ҳолатҳои вазнин ҷараёни беморӣ дарозмуддат гардида, дар он давраҳои оромӣ ва авҷи раванд ба қайд гирифта мешаванд.
Ташхиси бемории сурхбод одатан дар асоси аломатҳои клиникӣ гузаронида мешавад. Илтиҳоби вирусиро дар натиҷаи таҳқиқотҳои озмоишгоҳӣ муаян мекунанд. Инчунин фарқ кардани сурхбод аз дигар бемориҳои илтиҳобӣ (монанди перихондрити суфраи гӯш) бениҳоят муҳим мебошад. Аломати фарқунандаи сухбод, ин густариши раванди илтиҳобӣ ба нармии гӯш ва минтақаҳои ҳамсоягии пӯст ба шумор меравад.
Табобати беморӣ амбулаторӣ буда, барои пешгии густариши сироят, дар баъзе мавридҳо беморро аз атрофиён алоҳида нигоҳ медоранд. Дар чорабиниҳои маҷмӯии табобатӣ - антибиотикҳо мавқеъи муҳмиро ишғол мекунанд. Ба беморони гирифтор ба сурхбод бештар пинитсилин, антибиотикҳои қатори сафалоспоринӣ таъин карда мешаванд. Инчунин истифода аз маводҳои антиҳистаминӣ, витаминҳо ва хамираҳои зиддиилтиҳобӣ дар табобати сурхбод муфид қарор мегиранд. Усул ва муддати табобатро, танҳо мутахассиси ЛОР муаян мекунад.
Дар Бемористони Ибни Сино шуъбаи ЛОР фаъолият мекунад ва дар он мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ ҳамарӯза дар хидмати мизоҷон қарор доранд. Шӯбаи ЛОР бо дастгоҳҳои зарурии ҳозиразамон муҷаҳҳаз гаронида шудааст ва ин ба мутахассисони шӯъба имконият медиҳад, бо истифода аз дастовардҳои муосири техникӣ, ташхис ва табобати беморонро дар сатҳи баланд анҷом диҳанд. Аз ҷумла бемориии сурхбод дар шӯъбаи ЛОР и бемористон бо муваффақият табобат мегардад. Барои дастрасии бештари мардум ба хизматрасониҳои муосири тиббӣ, дар назди бемористон ташкилоти суғуртавии "Суғуртаи миллӣ" амал мекунад. Шумо метавон6ед ҳамаги бо 150 сомони худ ва наздиконатонро суғурта намуда, 80% и хароҷоти худро баои ташхис ва табобат кам кунед.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |