Бахшҳо

Посух ба номаи волидони Ёров ба Президент: Айбҳои нав зам шудаанд...

Додоситонии кулли Тоҷикистон дар посух ба номаи волидони Бузургмеҳр Ёров ба президент аз иттиҳомҳои нав алайҳи фарзандашон хабар додааст.

Наздикони Бузургмеҳр Ёров, вакили боздоштшудаи тоҷик мегӯянд ба номаашон ба президент аз Прокуратураи генералӣ посух гирифтаанд, ки дар он Бузургмеҳр Ёровро бо се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла, “созмон додани иттиҳоди экстремистӣ в ва даъвати оммавӣ барои тундгароӣ” айбдор мекунанд.

Яке аз наздикони Ёров дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт мақомот посух додаанд, ки “шумо гуфта будед писаратон гунаҳкор нест, вале ӯ дар воқеъ бо моддаҳои 307 ва 189 айбдор мешавад”.

Моддаи 189- барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ва моддаи 307-даъвати оммавӣ барои фаъолияти ифротгароию ташкили иттиҳоди экстремистиро фаро мегирад.

Вале ҳамсуҳбати мо мегӯяд Бузургмеҳр Ёров дар мулоқот ба онҳо гуфтааст, ки ин айбномаҳо асос надошта, ӯ танҳо як вакил мебошад ба амалҳои зикршуда даст надорад.

Иттиҳомоти нав алайҳи Бузургмеҳр Ёров дар ҳолест, ки қаблан Вазорати умури дохилаи кишвар ӯро ба "қаллобӣ" ва "сохтакорӣ" муттаҳам карда ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз карда буд.

Моҳи октябри соли ҷорӣ волидони Бузургмеҳр Ёров, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар хоҳиш кардаанд, барои барқарор шудани адолат ба қазияи писарашон дахолат намояд. Равшани Ёрмуҳаммад ва Ҳуринисо Исҳоқова, падар ва модари Бузургмеҳр Ёров дар номае унвонии раисиҷумҳур хостори расидагӣ ба қазияи боздошт ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи фарзандашон шудаанд. Равшани Ёрмуҳаммад ва Ҳуринисо Исҳоқова дар поёни номаи худ ба раисиҷумҳури кишвар навишта буданд: “Дили мо волидайни Бузургмеҳр Ёров ба ин ноадолатӣ тоқат накарда, як маротибаи дигар ба Шумо муроҷиат мекунем, ки ба ин қазия дахолат кунед, таъсири худро расонед, то ин ки адолати судӣ, агар он дар Тоҷикистон бошад, барқарор шавад”.

Боздошти Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли равон дар пайи таъсиси Кумитаи ҳимоят аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ сурат гирифт. Ба дунбол Додгоҳи олӣ фаъолияти ҲНИТ-ро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон кард.
Мӯҳр
Сино
Махалгарои мегуед Ку бинед ягон Вазир аз Рашт ё аз Бадахшон хаст

Беном
О бародар Шумо камтар шитоб кардед!!! вазири фарханг Орумбекзода Шамсиддин аз Бадахшон ку!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)