“Мармари зиндаи Качетовка”. Маҳмадисо тоҷики муваффақе дар Новосибирск
Маҳмадисо Шамсидинов, як шаҳрванди 57-солаи Тоҷикистон, ки 9 сол қабл ба вилояти Новосибирск муҳоҷират кардааст, ҳоло яке аз заминдор ва чорвопарварони муваффақи ноҳияи Кочетовкаи ин вилоят мебошад.
“Ведомости”, нашрияи расмии ҳукумати вилояти Новосибирск дар як матлаб, ки “Мармари зиндаи Качетовка” ном дорад, аз муваффақияти Шамсиддинов нақл кардааст. Дар ин матлаб гуфта мешавад, Маҳмадисо Шамсиддинов, падари 13 фарзанд як сол дар бозор кор кардаву иттилоъ ёфтааст, ки ҳукумати вилоят ба манзури дастгирии тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ қонуне ба тасвиб расонидааст. Ба ин тартиб, ин муҳоҷири тоҷик бо як шарики русаш аз деҳқони маҳаллӣ чанд хона ва як ангар мехаранд. Соле баъд шарики Маҳмадисо деҳаро тарк мекунад ва 2500 гектар заминро ба ӯ иҷора дода, 29 гектари дигаро моликияти хусусии Маҳмадисо мекунад. Бар иловаи замин, ин марди тоҷик 100 оила занбӯр мехарад ва бо ҳадафи кор мутахассисеро аз Тоҷикистон даъват мекунад, то фарзандашро таълим бидиҳад.
Худи Маҳмадисо ба кори замину чорво машғул шуда ва соли 2014 бо як “бизнес план”-и 5 миллион рублӣ вориди рақобати гирифтани гранти идораи кишоварзии ноҳия шудааст. Ӯ танҳо ба дарёфти 3 миллион муваффақ шуда, бо гирифтани қарз аз бонки “Россельхозбанк” ва чанд талоши худ онро ба 5 миллион расонидаву бо тамоми нерӯ вориди чорвопарварӣ гардидааст. Ба иттилои нашрия, ин марди тоҷик яке аз муваффақиятҳои кори худро дар кумаки фарзандонаш мебинад. Маҳмадмусои 34-сола ва Диловари 28-сола, ду тан аз 13 фарзанди Маҳмадисо ҳамроҳи ӯ дар Новосибирск кор мекунанд. Ӯ гуфтааст, “чӣ хуб аст, ки фарзандонам ба ман кумак мекунанд. Агар пул дар дастам бошад, медиҳам агар набошад на. Онҳо медонанд, ки ин моликияти онҳо ҳам ҳаст”.
Ба қавли Муҳаммадисо, ҳоло дар фурӯши гӯшт ҳам мушкилӣ надорад. Муштариёни домӣ пайдо кардааст: “Дар шаҳр дӯстҳо ва шиносҳои зиёде дорам. Занг мезананд ва аз 50 то 100 кило гӯшт фармоиш медиҳанд”.
Ин фермери тоҷик бозори картошкаи ноҳияашро низ инҳисор кардааст. Имсол барои сифати картошкааш медали тилло ва диплом гирифтааст. Ба гуфтаи Муҳаммадисо, ҳар вақт ки тоҷирони дигар ӯро дар ярмаркае бинанд, зуд аз наздаш дуртар мераванд: “Мегӯянд, боз ҳам туӣ? Мо дар наздат намефурӯшем. Ҳама картошкаи туро мехаранд ва аз мо мемонад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |