Мусодираи 53464 дона маводи тарфгарӣ аз се шаҳрванди Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти се нафар бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, рӯзи 10 декабр аз марди 38-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов 15000 дона маводи тарфгарии намуди “трения”, 500 дона намуди “пекарда” ва 24 дона маводи тарфгарии намуди “фейерверк” дарёфт ва мусодира шудааст. “12 декабр бошад, аз марди 23-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 3500 дона маводи тарфгарии намуди “трения” дарёфт намуданд. Ҳамон рӯз, ҳангоми кофтуков аз сокини 30-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа 34440 дона маводи тарфгарии намуди “пекарда” ёфт ва мусодира карда шуд”,-меафзояд манбаъ.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нисбати дастгиршудаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |