Бонки миллӣ ба ташкилотҳои қарзӣ то 21 декабр муҳлат дод
Бонки миллии Тоҷикистон аз ирсоли дастури наваш ба ташкилотҳои қарзӣ хабар дод, ки яке аз ҳадафҳои он шаффофияти фаълоияти онҳо гуфта мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дастури нави Бонки миллӣ бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолият ва дастрас гардидани маълумотҳо оид ба номгӯи хизматрасониҳои бонкие, ки воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ дар шаҳру навоҳии кишвар анҷом медиҳанд, қабул шудааст.
Манбаъ мегӯяд, бо ирсоли ин санад Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзиро вазифадор намуд, ки маълумот оид ба амалиётҳои анҷомдодашавандаи воҳидҳои сохторӣ, суроғаи аниқи ҷойгиршавӣ ва реҷаи кории онҳоро дар сомонаи расмии худ то санаи 21 декабр ҷойгир намоянд.
Дастури нави Бонки миллӣ дар ҳолест, ки ахиран ин ниҳод гуфт дар пайи санҷишҳои муштарак бо додситонии кулл, дар саррофиҳои марбут ба “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” “ҳолатҳои ҳаннотӣ” ошкор кардааст. Аз ин пештар Бонки миллии Тоҷикистон аз санҷишҳои муштарак бо Оҷонсии зидди коррупсия ва ошкор гардидани камбудиҳои ҷиддӣ дар 12 нуқтаҳои мубодилаи асъори марбут ба “Ориёнбонк”, “Тоҷиксодиротбонк”, “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк”, “Агроинвестбонк”, “Соҳибкорбонк” ва ТАҚХ “Васлат” хабар дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |