Наҷоти як духтари 20-сола, ки қасди худкушӣ дошт
Дар шимоли Тоҷикистон боз аз як талоши суиқасд ба ҷони худ ҷилавгирӣ шудааст.
Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, наҷотдиҳандаҳои Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Хуҷанд Настя Мухамедянова, истиқоматкунандаи маҳаллаи 33-и шаҳри Хуҷандро, ки рӯзи 6 декабр бо мақсади худкушӣ худро аз мавзеи Обитобгоҳ (наздикии тарабхонаи Боғи Ирам) ба дарёи Сир партофтааст, наҷот додаанд.
Манбаъ мегӯяд, баъди гирифтани хабари фаврӣ, наҷотдиҳандагони Ситод бо сардории хизматчӣ наҷотдиҳандаи калон Ҳотам Раҷабов ба ҷойи ҳодиса сафарбар мегарданд: “Ғаввосони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд хизматчӣ Тоир Юлдошев ва Денис Волинчиков бо истифода аз лавозимоти соҳавӣзери об даромада, бо кушишу заҳматҳои зиёд, дар натиҷаи корҳои кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ Мухамедянова Настяро аз об бароварданд”.
Ба иттилои Ориф Нозимов, айни ҳол вазъияти ӯ хуб буда, назди волидонаш қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |