Андуҳи Эмомалӣ Раҳмон аз сӯхтор дар кони нафти “Гюнешли”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 7 декабр унвонии ҳамтои озариаш -- Илҳом Алиев дар робита ба сӯхтор дар кони баҳрии нафти “Гюнешли” барқияи таслият ирсол кардааст.
Дафтари матбуоти президент мегӯяд, дар номаи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст: “Мо аз ин фоҷиаи ба вуҷудомада сахт андуҳгинем. Ҳамдардии мардум ва ҳукумати Тоҷикистонро қабул намоед ва тасаллияти моро ба хонадони фавтидагон расонед”.
Сӯхтор дар кони нафти “Гюнешли” дар баҳри Каспӣ, ҷумъаи гузашта 4 декабр бар асари тӯфони сахт, ки хатти лӯлаи газро хароб сохт ба вуҷуд омад, ки ба асари он як нафар ҳалок шуда 30 нафари дигар бе ному нишонанд. Инчунин 32 нафари дигар наҷот дода шудаанд. Ҳукумати Озарбойҷон аз аз хадамоти сарҳадии Қазоқистон, Туркманистон, Русия ва Эрон хоҳиш кардааст, ки дар ҳоли пайдо шудани ҷасади ҳалокшудагон бар асари садама дар обҳои ҳудуди онҳо пайдо шаванд, ёрӣ расонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |