ВАО: Раисиҷумҳур мақомоти олирутбаро ба далели кутоҳӣ дар суқути Қундуз сарзаниш хоҳад кард
Раисиҷумҳури Афғонистон субҳи имрӯз дар раъси як ҳайат вориди шаҳри Қундуз шудааст.
Расонаҳои Афғонистон ҳадафи ин сафари Ашраф Ғаниро ҳузур дар чанд ҷаласаи амниятӣ ва давлатӣ гуфтаанд. Дар моҳи октябр Қундуз пас аз ҳамлаи “Толибон” ба ин шаҳр суқут кард ва чанд рӯз таҳти контроли ин гуруҳ буд. “Барои баррасии сабаби суқути Қундуз раисиҷумҳури Афғонистон ҳайати ҳақиқатёб ташкил дод, ки ҳафтаи гузашта ин ҳайат натиҷаи таҳқиқоти худро гузориш доданд. Бар асоси ин гузориш, “Толибон” пеш аз ҳамла ба Қундуз контроли манотиқи атрофи он монанди Чаҳордара, Дашти Арчӣ ва бархе аз рустоҳоро ба даст гирифта буданд, ки давлат нисбат ба ин иқдомоти “Толибон” бетафовут будааст”,-навиштаанд расонаҳо.
Печидагӣ дар сохтор ва адами истифодаи дуруст аз имконот, адами ҳамоҳангии неруҳои амниятӣ, заъфи раҳбарӣ ва мушкилот дар сохторҳоро авомили суқути ин шаҳри муҳим дар шимоли Афғонистон зикр кард. Бар асоси бархе хабарҳо, Ғанӣ дар ин сафар шуморе аз мақомоти олирутбаи Қундузро ба далели кутоҳӣ дар суқути ин шаҳр сарзаниш хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |