Бахшҳо

Ҷалилов: Орзу дорам, ҷои тарси мардум аз милисаро эътимод гирад

Дар пасманзари Иди касбии милисаи тоҷик, ки 10-уми ноябр таҷлил гардид, “Озодагон” аз намояндагони касбу кори гуногун дар кишвар суол кард, ки ба милисаи Тоҷикистон чӣ таманниёт доред?

Холиқназар Ҷумаев, сухангӯи ширкати “Вавилон-М”

Милитсия ҳамеша чун кафили таъмини амнияти шаҳрвандон ва сулҳу субот дар ҷомеа баромад мекунад. Ин аст, ки ҳамаи кормандони Вазорати корҳои дихилиро дар ин рӯзи касбиашон табрик ва таҳният гуфта, барояшон муваффақият ва комёбиҳо таманно дорам. Ман фикр мекунам, ки милитсияи точик воқеан аз ӯҳдаи масъулиятҳои ба зимааш гузошташуда баромада истодааст ва осудагии рӯзгори имрӯзи мо маҳз натиҷаи хизматҳои шоёни эшон аст.

Зарина Кенҷаева, равоншинос

Ман ба милитсияи тоҷик руҳу равони солим, асаби ором, шаффофият, ҳақиқатпарастӣ ва дар сатҳи олӣ риояи қонунро орзу намуда, мехоҳам дар оянда милитсияи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам обрўву нуфузи баланде дошта бошад.

Дилафруз Қурбонӣ, рӯзноманигор ва нависанда

Милитсияи тоҷик рисолати худро хеле хуб адо карда истодааст. Шаб ором хуфтан, субҳгоҳӣ дар фазои пурнишоти Ватан аз пайи ташвишҳои рӯзгор шудан ҳама самараи заҳмати ин родмардони миллат аст, ки инкор наметавон кард. Албатта, гул бехор намешавад ва яқинан дар байни кормандони милитсияи мо ҳастанд нафароне, ки бо номи пуршарафи ҳимоятгари осоиши мардум иснод меоранд ва боиси нооромиву норозигии шаҳрвандон мегарданд. Аммо ин баҳона намешавад, ки меҳнатҳои фидокоронаи муҳофизони тартиботи ҷамъиятиро нодида бигирем. Аз ин рў, ман ба милитсияи барўманду родмардамон, кафили ҳаёти осоиштаи имрӯзаамон тани сиҳату хотири ҷамъ, барору комёбӣ, меҳнати содиқона ба халқу Ватан, фатҳи қуллаҳои осмонбуси фаъолият ва рутбаҳои боз ҳам баландтарро орзу дорам.

Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои радиои “Ватан”

Орзу дорам, ки эҳсоси тарсе ки имрӯз аксаран аз милитсия ва ин мақом мардуми оддӣ дар дилу андешааш дорад, аз миён бираваду ҷойи онро боварии комил ба ин мақом бигирад. Бовар мекунам, ки ҳар қадар мардум ба ин мақом эътимод дошта бошад, ҳамон қадар сатҳи касбиву сифати кор дар ин мақом баландтар мешавад ва ҳатто сафи ҷинояткорӣ коҳиш меёбад.

Марям Давлатова, ҷомеашинос

Дар ҳама гуна мақомот одамони хубу поквиҷдон ва устодони кори худ буданду ҳастанд. Ба хотири ин гуна одамони шариф, ки дар ҳифзи оромиву осудагии мардум ҳамеша дар хизматанд, рӯзи милитсияи тоҷикро барои мардуми кишвар шодбош мегуям.

Макнуна Ниёзова, тарроҳ

Тамоми кормандони милитсияро ба муносибати Иди касбияшон табрику муборакбод намуда, барояшон беҳтарин хушиҳои зиндагиро орзу мекунам. Таманнои онро дорам, ки доимо сарбаланду хонаобод ва комёб бошанд.

Иззат Шарифӣ, сароянда

Назму тартиб ҳар куҷоест пойдор,
Зиндагию кор мегирад барор.
Кормандони милитсияи тоҷик ҳамеша тансиҳату муваффақ бошанд.
Мӯҳр
Бехтарин таманиёт аз тарафи Субҳон Ҷалилов ташакур ба шумо ки хакикатро мегуед.

abdurrahmon
Ман хам дар ин орзу шарик хастам бошад ки чунин шавад!

Бале бародари азиз Субхон Чалилов офарин, ин сухани шумо орзуи хамешагии манаст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)