Биёву бубар: Аксия идома дорад...
Бо мақсади ҷалби бештари мардум ба суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ва ҳавасмандкунии мизоҷон ташкилоти "Суғуртаи миллӣ" иқдоми навбатии худро роҳандозӣ мекунад. Ин бор се барномаи нави ҷолиб "Классика", "Нуқра" ва "Тилло" пешкаши мизоҷон мегарданд, ки дар баробари расонидани хазматрасонии бо сифати тиббӣ, инчунин дар бозии бурдноки "Биёву бубар" ширкат меварзанд. Бо харидории полисҳои суғуртавии яке аз ин се барнома "Классик", "Тилло" ва "Нуқра" Шумо на фақат саломатии худро барои як сол суғурта мекунед, балки дар аксияи бурднок иштирок мекунанд.
Мизоҷоне, ки ташкилоти "Суғуртаи миллӣ" полиси суғуртавии тиббии яксолаи ҳар як аз ин се барнома "Классика", "Нуқраӣ" ва "Тиллоӣ" - ро харидорӣ мекунанд, ба таври автоматики иштирокчии бозии бурднок мегарданд ва имкони бурд намудани ҷоизаҳои пулӣ дар ҳаҷми 5 000, 10 000 ва 20 000 сомониро пайдо мекунанд.
Ғайр аз ҷоизаҳои пулӣ дар бозии бурднок инчунин дигар мукофтоҳои гаронқиммат низ мавриди бозӣ қарор мегиранд.
Хотиррасон мекунем: Барномаи суғуртавии "Классика"- бо харидории полиси суғуртавӣ ба маблағи 160 сомонӣ ташкилоти "Суғуртаи миллӣ" дар муддати як сол қисмате аз хароҷоти тиббии шуморо, ки дар ҷадвали қарордод оварда шудааст дар Бемористони Ибни Сино ба маблағи 5 000 сомонӣ ҷуброн мекунад.
Барномаи суғуртавии "Нуқраӣ"- бо харидории полиси суғуртавӣ ба маблағи 260 сомонӣ, ташкилоти "Суғуртаи миллӣ" дар муддати як сол қисмате аз хароҷоти тиббии шуморо, ки дар ҷадвали қарордод оварда шудааст дар Бемористони Ибни Сино ба маблағи 10 000 сомонӣ ҷуброн мекунад.
Барномаи суғуртавии "Тиллоӣ" - бо харидории полиси суғуртавӣ ба маблағи 520 сомонӣ ташкилоти "Суғуртаи миллӣ" дар муддати як сол қисмате аз хароҷоти тиббии шуморо, ки дар ҷадвали қарордод оварда шудааст дар Бемористони Ибни Сино ба маблағи 20 000 сомонӣ ҷуброн мекунад.
Таъкид мекунем, ки бозии аввал дар таърихи 26 декабр соли 2015 баргузор мегардад. Ҳанӯз мардум аз ин иқдоми "Суғуртаи миллӣ" ба пуррагӣ огоҳӣ надоранд ва ин шонси иштирокчиёни бозиро ба маротиб боло мебарад. Шитоб кунед ва шонси худро аз дааст надиҳед. Шояд ғолиби яке аз шоҳҷоизаҳо Шумо мегардед. То оғози бозии аввал рӯзҳо башумор мондааст. Ҷоизаҳои молӣ ва шоҳҷоизаҳо мунтазири ғолибонанд. Инчунин бо ҷалби нафарони дигар барои харидории полисҳоии суғуртавӣ, аз 8 то 10% маблағи нақди дарёфт хоҳед кард.
Тафсилоти бештар оид ба Иқдом дар: https://sugurta.tj/tg/aksiya/229-oidahoi-barguzorii-iqdomi-havasmandkunandai-bijovu-bubar.html
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |