Э.Раҳмон масъули нафту гази Тоҷикистонро таъин кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баъди ду соли тағйирот дар сохтори ҳукумат, ниҳоди нави давлатиро, ки соҳаи нафту гази кишварро идора мекунад, муайян намуд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 2013 Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистонро лағв карду ваколатҳои онро низ тақсимбандӣ намуд, 29 октябри соли равон бо имзои як қарор Вазорати энергетика ва захираҳои обро ниҳоди нави масъули соҳаи нафту гази кишвар таъин кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон Вазорати энергетика ва захираҳои обро муваззаф намудааст, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи нафту газ пеш барад.
Эмомалӣ Раҳмон, соли 2013 бо ҳадафи такмили идоракунии давлатӣ ба низоми вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳо, хадамот, оҷонсиҳо ва саридораҳо тағйирот ворид намуда, баъзе ниҳодҳоро лағв ва баъзеи дигарро аз нав ташкил кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |